< Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал аз коронавирус фавтид: ҳамагӣ 23 сол дошт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал аз коронавирус фавтид: ҳамагӣ 23 сол дошт

Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал аз коронавирус фавтид: ҳамагӣ 23 сол дошт
Марҳум ҳамагӣ 23 сол дошта, дарвозабони асосии тими яккачини бонувони Эрон будааст. Дар ин кишвар феълан 54 нафар қурбони коронавирус гардидаанд

Эрон аз нахустин қурбонии маризии сироятии коронавирус миёни варзишгарон хабар дод. 

Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал, Илҳом Шейхӣ бар асари мублато шудан ба маризии коронавирус ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш". марҳум ҳамагӣ 23 сол дошта, дарвозабони асосии тими яккачини бонувони Эрон будааст.

Қаблан Муҳаммад Мирмухаммадӣ, узви Шӯрои маслиҳат (мақомоти машваратӣ дар назди раҳбари олии Эрон)  дар пайи гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст.

Бино ба итилои пойгоҳи хабарии Форс,  Саид Муҳаммад Мирмухаммадӣ субҳи рӯзи 2 - юми март дар яке аз беморхонаҳо шаҳри Теҳрон бар асари мубталои коронавирус гаштан, ҳалок шудааст.

Бар пояи охирин иттилооти Вазорати беҳдошти Эрон, то ҳол дар Ҷумҳурии Исломӣ 54 нафар фавтидаанд ва омори гирифторони коронавирус ба 978 нафар мерасад.

Вазъи босуръат паҳн гаштани коронавирус дар Эрон ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.

Қаблан се мақоми баландпояи ин кишвар Эраҷ Ҳарирчӣ, муовини Вазири беҳдошти Эрон, Маъсума Ибтикор, ноиби президенти Эрон дар умури занон ва оила, Муҷтабо Зулнур, намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз гирифтор гаштанашон ба коронавирус хабар дода буданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий