Ду мусибат дар хонаводаи собиқ раисҷумҳур: писар ва ҷияни ӯ вафот карданд

Хонаводаи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев ба ду мусибати калон мувоҷеҳ шуд. Писар ва ҷияни Оқоев дар шаҳри Маскав вафот карданд
Аскав Оқоев собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ба якборагӣ писар ва ҷияни худро аз даст дод. Ба иттилои Sputnik Қирғизистон Айдар Оқоев писари собиқ раисҷумҳур ва Кубан Оқоев ҷияни ӯ дар шаҳри Маскав фавтиданд.
Манбаъ меафзояд, Кубан Оқоев 59 - сол дошт ва писари Чилтен Оқоев бародари собиқ раисҷумҳур будаст.
Зимнан, пас аз чанде писари собиқ раисҷумҳур Айдар Оқоев низ вафот кард. Марҳум 43 - сола буда, бар асари сактаи қалбӣ ба ҳалокат расидаст.
"Айдар оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд", - меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Аскар Оқоев пас аз интиқоби "лола" - ӣ дар Қирғизистон, бо аҳли оила қаламрави ин кишварро тарк кард ва феълан дар Маскав ба сар мебарад.
Комментарии (0)