АНДЕША.

Нияту мақсади нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва роҳбари бадбахташ Муҳиддин Кабирӣ рӯз то рӯз назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гардида истодааст. Имрӯз, ки фаъолияти ин ҳизби террористӣ пас аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 дар кишвар боздошта шуд, роҳбарону ҳаводорони фирории он бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки дар сиёсати дохилию хориҷии мамлакати мо таъсиргузор бошанд. Онҳо бо ниқоби «ҳомии сулҳу миллатпарвар»ва «озодии виҷдону ҳуқуқи инсон» ба майдон омада, бо ниятҳои ѓашу мардумфиребонаашон мақсади баргаштан ба арсаи сиёсати Тоҷикистонро доранд .
Аз ин ҷост,ки Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» баромад намуда, пайваста сари мавзӯъҳое даъво бармедоранд, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо шарофати бадандешӣ, ноҳақӣ ва фаъолияти зиддиинсонии худи онҳо мушкилӣ дорад. Ин гурӯҳи асолатбохтаву фурӯхташуда беасос Ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз шаҳрвандони ватандӯсташро гунаҳкор эълон медоранд. Нисбати масъалаҳое даъво мебардоранд, ки бинандаву хонандаи закиву ҳушёрро ҳам хандаву ҳам ба ѓазаб меорад.
Зеро амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнатест назди халқу Ватан ва гуноҳест нобахшиданӣ. Аз ҳодисаҳои талхи сари миллат бо шарофати фаъолияти ѓайриинсонии наҳзатӣ таҳмилшуда солҳо сипарӣ мешаванд, вале захми ин ҳама озор ва ранҷу дардҳои миллат, модарони фарзандгумкардаву фарзандони волидайнгумкарда ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешаванд. Роҳбарони асолатбохтаи наҳзатӣ дар хориҷа паноҳ бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон онҳоро фаромӯш сохтааст. Вале хестаанд, ки хобанд. Хиёнату хиёнаткорӣ ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.
Хоинону хиёнаткориҳоро дар ягон давру замон ҳеҷ як давлат ва миллате намебахшаду нахоҳад бахшид. Вале имрӯз аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз маҳдудияти ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос даъво намуда, худро муддаии сулҳу осоиштагӣ ва пешрафти кишвар медонанд, ки ин хеле дардноку аламовар аст.
Бар он боварем, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пайомадҳои хатарҳои ҷаҳони муосир ба пуррагӣ огоҳанду фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва дигар созмонҳои зиддиинсонию ҳуқуқи башарӣ нахоҳанд гашт.
Абдуҷаббор Неъматов - сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ОМИЛҲОИ БАРҲАМДИҲАНДА
Дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни ХХl инсоният ба хатари ҷиддие мисли экстремизм ва терроризм рeба рe шуди ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.
Дар шароити ҳозира созмонҳои гурўҳҳо ва шахсони рўхияи террористи доштаифаъолияти худро шиддат бахшидаи аз роҳу воситаҳои зидди инсони ва бераҳмона истифода менамояд. Аз рўи тадқиқоти олимони хориҷи буҷаи умуми дар соҳаи террор ҳамасола аз 5 то 20 млрд долларро ташкил медиҳад.
Аз рeи баъзе маълумотҳо имрeз дар ҷаҳон наздики 500 созмони пинҳонкори террористи амал менамояд. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористи анҷом дода шудаасти ки дар натиҷа ҳазорон-ҳазор нафар кушта ва захми шудаанд.
Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил асти вале як зуҳуроти манфии умуми дар бораи терроризм ва экстремизм вуҷуд доради ки ин моҷароҷўии зeровари ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористи эътироф мекунанди ки террор ин зeровари (ба фикри онҳо зeроварии ҳақ ва ногузир) аст.
Дар китоби профессори доктори илмҳои сиёси Г.Зокиров «Идеологияи сиёси» мафҳуми экстремизм чунин шарҳ дода шудааст: «Экстремизм яке аз навъҳои фаъолияти сиёсии иртиҷои мебошад. Он барои амали гардонидани мақсадҳои авантюристии моҷарогароии зўригарии ҷисмонии услубҳои ҳарбии террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагии конститутсионии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонидаи террорро васеъ истифода мебарад. Он ба муқовиматомез гардидани зиддиятҳои муносибатҳои байналмилали оварда мерасонад ва вонамуд месозади ки масъалаҳоро ҳал менамояд».
Мафҳуми «экстремизм» аз забони лотини будаи маънои канораро дорад. Дар сиёсат экстремизми сиёси маҷмўи ѓояҳои андешаҳо ва амалу фаъолияти радикалисти ки асосан тавассути зўровари барои воқеи гардонидани ҳадафҳои сиёси истифода мешавад.
Ба ҷумлаи хусусиятҳои дигари ҳаракати экстремисти андешаҳои ба «хуб» ва «бад»и ба «худи» ва «бегонагон» ва ѓайраҳо ҷудо намудани одамон дохиланд. Дар чунин ҳолат принсипи «ҳар касе бо мо нести душмани мост» фаъол мегардад.
Экстремизм ҳаракати фаъол аст. Он мақсади муайян доштаи характери таҷовузкорона дорад. Ҳадафи асосии онро таѓйир додани олам мураттаб месозад.
Ба таълимоти экстремисти ҷаҳонбинии маҳдуд хос будаи доираи масъалаҳо ва манфиатҳо танг аст ва андешаҳои дигарро ѓайр аз андешаи худ эътироф намекунанд ва ҳуқуқи мавҷудитяти онҳоро барҳам мезананд.
Ҷараёни экстремисти бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона образи хаёлии душманро меофаранд. Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Одамонро ба саркаши ва шаклҳои гуногуни эътироз даъват намудаи нооромиро ба вуҷуд меоранд. Барои ба мақсад расидан аз ҳама воситаҳо истифода мебаранд.
Ифротиён ба одамон гул задаи ҳалли мушкилоти тарафҳои гуногуни ҳаёти таъминоти иҷтимоии адолати иҷтимои ва ѓайраҳо ваъда медиҳанд.
Дар низоми навини олам экстремизм яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтарин мансуб меёбад. Он дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омадаи вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои гуногунро пайдо менамояд. Махсусани дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини он-терроризм мақоми хоса пайдо намудаи таваҷҷeҳи бисёре аз одамону наслҳои тараққихоҳ ва ходимони давлатию ҷамъиятиро ба худ кашидааст.
Терроризм аз калимаи лотини «terror» гирифта шудаи маънояш «тарс» даҳшат аст.Ин падидаи нави раванди сиёси набудаи вай ҳамчун як шакли муборизаи сиёси дар инкишофи таърихи инсоният ҳама вақт вуҷуд дошт. Терроризм ин усули муборизаи сиёси будаи ба амалиётҳои ҳарбии зeроварии ҷисмони барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсии нест кардани рақибони сиёси вобастаги дорад.
Таҳлилҳои сиёси нишон медиҳанди ки терроризм одатан дар мамлакатҳое ба амал бароварда мешавади ки ҳаёти сиёсии онҳо ноором будаи дараҷаи тадбиқи қонунҳо дар зинаи паст қарор гирифтаанд.
Аз рeи инкишофи худ терроризм ба чунин намудҳо тақсим мешавад: Иҷтимои (ё дохили)и ки мақсади он тамоман ё қисман таѓйир додани ҳаёти иқтисоди ва сиёсии мамлакат; миллатчигии ки мақсади мубориза ба муқобили таъсири давлатҳо ва монополияҳои бегона аст; дини- мақсади мубориза ба муқобили ҷараёнҳои бегонаи динии сарнагун кардани ҳокимияти дуняви ва барқарор намудани ҳокимияти дини мебошад. Вале ҳеҷ кадоме аз ин се шакли номбурда дар шакли тозаи худ баромад карда наметавонад.
Масалани терроризми миллатчиги дар аксарияти мамлакатҳо бо терроризми дини омехта мешавад (махсусан дар мамлакатҳои Шарқи наздик)
Коршиносон бар ин назаранди ки сабабҳои авҷи ифротгарои ва терроризм баъд аз пошхeрии Иттиҳоди Шeрави ин заъиф гардидани сиёсати давлати паст шудани вазъияти иқтисодии фасоди молии паст гардидани сатҳи зиндагии бекории заъифии идоракунии давлати мебошад.
Дар китобҳои илми якчанд омилҳои асосии зуҳури ифротгарои дар кишварҳои сеюм ё ин ки тозаистиқлол нишон дода шудааст.
Омили аввал. Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгарои ва террор аз пастравии вазъи иҷтимои ва иқтисодии ҷомеа вобастаги дорад. Тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию-иқтисодии ҷомеа ба тақсимшави ва аз ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтани қишри васеи мардуми махсусан ҷавонон мегардад.
Омили дувуми омили дини. Имрeзҳо мафҳумҳои ифротгароии дини ва терроризм бисёр машҳур шудаанд. Маълум асти ки асоси ҳамагуна динро эътиқод ба Худо ташкил медиҳад. Таълимоти ҳар гуна дин ба эҳтироми дeст доштан ва таҳаммулпазири нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст.
Бояд дар назар дошти ки дар солҳои баъд аз инқирози Иттиҳоди Шeрави дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои объектививу субъективи мухолифатҳо ва амалҳои ифроти зиёд шудаи гурўҳҳо ва созмонҳое ташкил шудаанди ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданди ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористи ва ҷанги шаҳрванди оварда расонид.
Дар бораи ифротгарои дар заминаи ислом бисёр мегeянду менависанд ва чунин ба назар мерасади ки гeё ҳар як мусалмон ифротгаро будаи нияти таркондану сeзонданро дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқуллодаи Созмони Конфронси Исломи(ҳозира Созмони Ҳамкории Исломи)и ки дар шаҳри Макка 7-декабри соли 2005 баргузор гашти гуфта буд: « Воқеияти дигари номатлуби ҷаҳони муосир алҳол ба терроризми экстремизм ва манбаи хушунату зўровари нисбат додани ислом ва барои тамаддуни пешрафта ҳамчун хатар арзёби намудани он мебошад. Бинобар он зарурати муҳимтарин барои ҳамаи давлатҳои мусулмони муборизаи муштарак ва муттаҳидона бо падидаҳои радикалии экстремисти ва террористи мебошад». Ў моҳияти зиддиисломи доштани ин падидаро ошкор намудаи мефармояд: «Терроризм дар асли худ миллати мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони eсти ин гуна нерeҳо аз номи ислом амал намудаи номи неки онро доѓдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд».
Имрeз ҷомеаи ҷаҳони ва алалхусус Тоҷикистони соҳибистиқлоли ки як ҷузъи он мебошад нигарони аз он доради ки ин падидаи номатлуб доман афрохтаи ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад.
Гурўҳи «Давлати исломи» дар аввали соли 2014 аз баданаи шeъбаи ироқии шабакаи «Ал-қоида» ҷудо шудаи қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ба даст овард. Абeбакри Ал-Баѓдодии як афсари артиши диктатори собиқи Ироқ Саддам Ҳусейн худро халифа эълон кард.
Дар асоси ин нақшаи пуриддаои ин гурeҳ қасд доради тамоми қаламрави бузургерои ки як замон таҳти салтанати хилофати исломи қарор дошт аз Осиёи Марказиву Ҳинд дар Шарқ то вилояти Андалузияи Испания дар Ѓарби аз Қафқозу Балкан дар шимол то Арабистону саҳрои Кабири Африқо дар ҷануб дар як хилофати воҳид гирд биорад.
Ин ҷангиён бо нашри видеоҳо дар Интернет ба Руссия ва Осиёи Маркази ҳушдор додаанди ки «ҷиҳод»-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд. Дар як харитаеи ки аз номи «Давлати исломи» нашр шудаи нақшаи ин гурeҳи тундрав барои 5 соли оянда таҳия шудаасти мувофиқи он тамоми Осиёи Марказиро ҳамроҳ бо Афѓонистону Тоҷикистони қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва вилоятҳои Шарқии Эрон дар як вилояти воҳид бо номи «Хуросон» муттаҳид сохтанианд.
Ин фазоести ки ҳар рeз куштор асти ҷангу даргирист ва гурeҳҳое дар ин кор сармоя ҷамъ мекунанд ва ҷавононеи ки ба ин воқеият ва ба ин фазо дохил мешаванди танҳо дар фикри «наҷот дар охиратанд».
Имрeз Тоҷикистон терроризми ифротгароии радикализм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрeзаро маҳкум медорад. Эмомали Раҳмон зимни ҷонибдори аз сулҳ дар ҷаҳон гуфт: «Бо таваҷҷeҳ ба мухолифатҳо ва муқовиматҳои сиёсии динии мазҳаби ва қавми дар ҷаҳон сулҳу субот аз ҳарвақта зарур аст». Эмомали Раҳмон рушди илму маорифро омили таъмини амнияти кишвар ва бақои давлат арзёби кард.
Экстремизм ва терроризм - омилҳои барҳамдиҳандаи арзишҳои волои инсони будаиба амнияти шахси ҷомеа ва давлат таҳдид менамояд ва беназардошти таъмини бехатари пеш бурдани сиёсати дуруст ѓайриимкон аст. Зеро амният олитарин арзишести ки муносибати устувор ва талаботи одамонро инъикос менамояд.
Тоҷикистони ки имрўзҳо ба ҷараёни робитаҳои ҷаҳони шомил гардида истодааст ва он барои воридшавии кишвар ба системаи коммуникатсияҳои байналхалқи шароит муҳаё месозад. Умед астики чунин падидаҳои номатлуб ва ҷараёнҳои иртиҷои ба мисли экстремизм ва терроризм барои ташаккули ҳифзи боэътимоди амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар хатар эҷод нахоҳад карди зеро халқи тоҷик ин марҳиларо як маротиба паси сар кардаи сабақи фаромўшнопазир ҳам гирифт.
Агар мо нисбат ба манфиати имрўзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набудаи дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шудаи дар радифи бузургтарин арзишҳои башари сулҳу суботи адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузоштаи бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳемимаърифати ҳуқуқиву сиёси ва динии ҷавононро баланд бардорем ва зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузореми пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагари намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқи сулҳу суботи тинҷиву ороми ва ватандўстиву ватанпарасти моро ба ин мақсад мерасонад.
Муродова Г.Р.- номзади илмҳои сиёси дотсенти мудири кафедраи
ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А.Рўдакӣ
Комментарии (0)