< БАРОИ ИН БАДБАХТИҲО НАҲЗАТИҲО БОЯД ҶАВОБ ГӮЯНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БАРОИ ИН БАДБАХТИҲО НАҲЗАТИҲО БОЯД ҶАВОБ ГӮЯНД

БАРОИ ИН БАДБАХТИҲО НАҲЗАТИҲО БОЯД ҶАВОБ ГӮЯНД

Ман, Ёқубҷон Ҳошимови 63 сола сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен бо ҳазорон дарду андӯҳи зиёд сарнавишти талхи фарзандонамро мехоҳам бинависам то ба дигарон дарси ибрат шаванд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар дар мисоли тақдири шӯри фарзандони гумроҳи ман аз дасти хиёнаткориҳои умумибашарии ТТЭ ҲНИ огоҳӣ пайдо кунанд. Ҳосили иғвову гумроҳкуниҳои ин ташкилоти террористӣ ва душмани ба мардуми худ боис шуд, ки имрӯз дар сари пирӣ ба ҷои он ки фарзандон нигаҳбони мо шаванду асои пирии мо гарданд, мо мураббӣ ва тарбиягари фарзандони онҳо шудем, ки мутаассифона аз дасти гумроҳиашон ва ба гуноҳи ин гуруҳҳои ватанфуруш маъюб шудаву дар ҳолати бади зиндагонӣ қарор доранд.  Аммо ба ҳаминаш ҳам шукр, ки аз гирдоби ин тақдири талх ба кӯмаки мақомоти давлатӣ наберагони мо – Абдулло Ҳошимов, Раҳима Ҳошимова ва Ҷамила Ҳошимова аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргардонида шуданд. Мехоҳам ин достони талхи фарзанди гумроҳшудаамро ин ҷо нақл намоям, то ки барои дигарон дарси ибрат шавад ва мардуми азиз донанд, ки ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакону ҳамақидаҳои онҳо чӣ бадбахтиҳое ба мардуми мо оварданд, ки яке аз қурбониёни он хонаводаи мост.

Ростӣ бояд иқрор шавам, ки дар рафтори ду нафар фарзандамон Ҳошимов Наҷмиддин ва Акмал Ҳошимов солҳои 2009-2010 аллакай ақидаҳои ифротӣ ва хурофотпарастӣ мушоҳида мешуд. Борҳо насиҳат кардам, ки фарзандонам ин роҳи дуруст нест, шумо фирефтаи кадом гуруҳу ҳаракатҳо шуда истодаед, аммо боре ҳам ба суханони ман гӯш намекарданд. Дар муносибат ба ман ва модарашон ҳам ба қавле баланд сухан карда, насиҳатҳои моро гӯш намекарданд. Намедонистем, ки онҳо бо кадом  гуруҳҳо ҳамнишину ҳамсуҳбат ҳастанд, ки чунин ақидаҳои ифротӣ баён дошта, заррае ҳам нисбати падару модар ва наздикон эҳтиром надоштанд. Ба гуфта халқ гапҳои нодурусти худро гап мекарданд. Афсӯс  он солҳо рафтору кирдори пинҳонкоронаи ТТЭ ҲНИ –ро намедонистем, ки ба таври пинҳонӣ мардумро чӣ қадар гумроҳ кардаанд. Ҳазору садҳо ҳазор бор имрӯз ба ин ташкилоти хиёнаткор ва роҳбарони миллатбезори он нафрат мехонам,ки сабабгори ба чунин ҳол афтодани як оилаи солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. 

Мутассифона, бо баҳонаи ба Русия рафтан соли 2011 фарзанди ман Наҷмиддин Ҳошимов худ ва оилаи хешро гирифта ба самти Новосибирск парвоз намуд ва дигар ба по ҳеҷ робитае ҳам барқарор накард. Гӯё худро як оилаи ҷудо медонист  ва пайваста изҳор медошт, ки дигар бо ӯ сару кор надошта бошем. Бо гузашти муддати зиёди норавшаниро дар кору фаъолияти ӯ маълум гардид, ки фирефтаи ақидаҳои ифротии гуруҳи экстремистӣ – террористии “Ансоруллоҳ” гардида, бо оилаи хеш ба Вазиристони Покистон рафтааст.

Солҳо дар фироқи ин фарзандон дилхуну ғамзада будам. Ба болои ин бо касофати наҳзатиҳо фарзанди дигарам ҳам гумроҳ шуда даст ба амалҳои ҷиноятӣ зад ва дар натиҷа баъди ошкор шудани кирдоҳояш (кафондани шӯъбаи шашуми шаҳри Хуҷанд ва ғ.) бо қарори суд ба ҳукми абад маҳкум шуда буд. Бо кӯшишҳои зиёд ва дархосту илтимосњо Суди конститутсионии ЉТ ҳукмро камтар карда ба 20 сол расонид. Писарам Акмал ба ҳамаи ин талошҳои мо нигоҳ накарда, ҳатто дар маҳбас ҳам аз кирдори худ нагашт ва дар натиҷа, дар ошӯбе, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат шуд (19 майи 2019) ӯ низ ҳамроҳ гашта, дар ҳамон ҷо безарар гардонида шуд.  Марги ин фарзандамро таҳаммул нокарда бо умеди дидани рӯи Наҷмиддинхон фарзанди дигари ба Афғонистон рафтам, то ки ба умеи он ки ӯро аз роҳ баргардонем.  Мегуфтам, ки Худо як фарзандамро гирифта бошад,  дуюмашро барои дастгириам дар пиронсолї мерасонад. Мутаассифона пас аз умедвориҳо аз Афғонистон марги писару келинамро шунидам.

То бегоҳ умедвор нишаста на фарзандамро медидаму на набераҳоямро,  боз ноумед мешудам. Аз ҷониби кормадони масъули ниҳодҳои давлатӣ ба ман хабар доданд, ки набераҳои шумо дар ҳамин мошини навбатӣ нишастаанд”. Бо шудини ин хабар каме ба худ омадам. Аммо баробари аз мошин поин шудани набераҳоям   тамоми умеду орзуҳоям барбод рафт, зеро вақте дидам, ки набераи калониям Абдулло бо пойҳои бурида маъюбу маслуқ дар миёна ва ду хоҳараконаш аз ду дасташ дошта меоянд, дунё дар назарам тира гашт. Ҳазорон бор лаънат ба ҲНИ хондам, ки ин фоҷиаи сахтро ба зиндагонии мо овард ва як оилаи солимро дар як муддат носолим гардонида, дар ниҳоят як фарзанди онро маъюб ва се нафарро дар умум бепарастор гардонид. Ман як одами куҳансол ғайр аз ҳамин ҳизби террористӣ-экстремистӣ номи дигар ҳизбҳоро намедонам.

Барои ҳамин сарчашмаи бадбахтиҳои оилаамро, ки писаронам Наҷмиддинхон ва Акмалҷон беватану бекафан зиндағарибу мурдағариб шуданд, танҳо касофати ҲНИ медонам. Зеро баъди ошкор шудани ғаразҳои ин ҳизби лаънатӣ ман баъд фаҳмидам, ки маҳз ҳамон солҳо писарони ман бар асари ақидашҳои номатлуби ин ҳизби душмани миллат хурофотию ифротӣ шуданд. Имрӯз ягона писари калониям, ки солҳои дароз дар мулки рус буд, танҳо монд”.
         
Чӣ илоҷ ба тақдир тан дода,наберагонамро аввал ба Душанбе ва баъдан ба зодгоҳамон деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен овардем. Вақте Абдуллоҷон ҳодисаҳои ба сарашон омадаро нақл карда дод, дуд аз димоғам баромад. Наход тавассути ақидаҳои разилонаи хеш наҳзатиҳо то ба ҳамин дараҷа инсонро бераҳму бемеҳр гардонанд, ки ҳатто фарзанди худро дар болои барф партофта, сабаби ба чунин ҳол гирифтор шудани вай гарданд. Ба гуфтаи набераам Абдуллои 11 сола  ӯ дақиқан дар кадом шаҳрҳо буданашро намедонист, зеро аз як шаҳр ба шаҳри дигар ҳамеша овора будаанд. Вақте дар ҳузури хабарнигорони ба аёдати ӯ омада низ ин ҳолатро бо дарду алам ва нақл мекард, ҳис мекардам, ки чӣ қадар ҷонаш дард мекунам ва ман ҳам баробараш ашк мерехтаму нафрату лаънат ба наҳзатиҳо мехондам. Абдуллоҷон нақл кард, ки “Мо аз Вазиристони Покистон ба  вилояти   Кунари Афғонистон  ва аз Кунар ба Нака  рафтем. Номи   ҳамин ду минтақа дар ёдам ҳаст.Падарам Наҷмиддинхон дар ин шаҳрҳо шогирдони зиёд дошт, ки дар ҷои махсус онҳоро дарси ҷангӣ (тирпарронӣ, кор бо яроқу аслиҳо) меомӯзонид. Боз тайёр кардани моддаҳои таркандаро медонист ва худаш ҳам омода мекард. Ман ҳам азбаски таҳсил ё кори дигар надоштам, зеҳн монда омӯхта будам.

Ҳар гоҳ ба пеши падарам равам медидам, ки чӣ хел аз порух намудҳои зиёди маводи тарканда месохтанд. Аммо имрӯз лаънат ба ин ҳунари  падарам мехонам, ки аз ду пои равонам, аз модарам, аз таҳсил ва аз худи ӯ маҳрум мондам. Замоне,  ки дар Вазиристон будем дар хонаҳои заминӣ зиндагӣ мекардем ва дар  таҳхонаҳои дуртар аз ҷои истиқоматамон онҳо дарси тирпарронӣ ва кафонданро меомӯхтанд. Ман мерафтам ва  кам-кам  барои омӯхтан ёрӣ мекардам ба шогирдони падарам.
       
  Абдуллоҷон замони ба чунин ҳоли ногувор афтодани худро вақте ба мо нақл намуд, дилаш садбора реш шуд ва боз ҳам садҳо ҳазор лаънат бар ин наҳзатиҳои  ватанбезор хондам, ки дар вуҷудашон заррае раҳму шафқат нест, наход одамизодро то ба ҳамин дараҷа барои манфиатҳои хеш бераҳму золим гардонанд:

Падарам тахаллуси “Абдуҳаким”-ро дошту модарам тахаллуси   “Мадина”-ро, яъне ҳарду тахаллуси ҷангӣ ба худ гирифта буданд. Дар ҳамин вақт замистону буду ҳаво бисёр сард. Хоҳаронам дар  хона буданду ман ҳамроҳи модару падарам. Падару модарам чун ба муқобиои қувваҳои давлатию амниятии давлати Афғонистон меҷангиданд,  як рӯз дар рафти чунин як амалиёт ҳарду маро дар рӯи ин барфи сард ва ҳавои хунуки даҳшатбор  танҳо монда   гурехтанд. Ман аз хунукӣ  қариб мурда будам . Таъсири хунукӣ чунон ба ҷонам асар кард, ки пойҳоям беҷону беҳол шуданд. Ҳатто дигар ҳаракат карда наметавонистам. Дар ҳамон рӯи барф аз ҳуш рафтаам. Чанд маротиба ба худ омадаву боз беҳуш шудам.

Ниҳоят вақте баъд аз муддати зиёд ба худ омадам, дидам, ки маро шахсони бароям тамоман ношинос ба беморхонаи Афғонистон бурданд. Пас аз гузаронидани капел пойҳои аз таъсири сахти хунукӣ ранҷи зиёд кашидаамро бурида партофтанд, чун дигар пойҳоям қобили кор кардан набуданд. Он қадар пойҳоям беҳаракату беҷон шуда буданд, ки ҳатто наркос нагузаронида бо истифодаи капел онҳоро ҷарроҳӣ намуда, буриданд. Муддати се моҳ дар беморхонаи Афғонистон хобидам, касе суроғам намекард.  Аз  9 солагиям инҷониб на мурда ва на зиндаи модар падарамро надидаам.

Танҳо падарамро хоб медидам, аммо модарамро боре ҳам хоб надидаам.  Дар ҳамон ҷо фаҳмидам, ки модар падарам дар задухӯрд бо қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар нобуд шуда будаанд.
Имрӯз вақте ба ҳоли ин фарзандон менигарам,  бори дигар мегӯям, ки дилам реш мешавад, вале чӣ илоҷ тавре гуфтам, ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ин се фарзанди маъюсу бечораро бо кӯмаки мақомот аз Афғонистон овардем.

Дар вуҷуди  Абдулло он қадар нафрат нисбати ин гуруҳҳои ҷиноятпеша пайдо шудаанд, ки ба қавли худаш ҳатто тарсе дигар надорад ва  агар пои равон медоштам, ба онҳо чӣ кор  карданамро медонистам, зеро худашон ҳамин танаффурро бедор намуданд. Ман ин қиссаи талхи фарзандонамро барои он ба хонандаи муҳтарам ва мардуми Тоҷикистони азиз нақл намудам, ки як бори дигар ба хиёнатҳо ва душманиҳои ин ватанбезорон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд ва бубинанд, ки мисли мо садҳо нафар хонаводаҳои тоҷикро ин наҳзатиҳо ба чӣ рӯз гирифтор  карданд. Мисли наберагони ман садҳо кӯдакони тоҷик ятиму бепарастор ва ба чунин ҳол гирифтор шуданд.

Шукрона, ки бо кушишҳо ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳи калони  чунин кӯдакони бепадар ва ятиммондаву қурбонии ин дасисаҳои наҳзатиҳо ва дигар ҳамақидаҳои онон аз Ироқ баргардонида шуданд. Ба онҳое, ки агар имрӯз дар кишварҳои ҷангзада ҳастанд, падарона муроҷиат мекунам, ки баргарданд ва хонаводаҳои хешро мисли мо чунин бадбахт нагардонанд, охир ин кӯдакон гуноҳ надоранд, онҳо бояд мактаб хонанду ояндаи хушбахти хешро созанд, на ин кӣ ба ҷои садои суруду мусиқӣ ва панду андарзи омӯзгорон овози даҳшатафкани тиру туфангу “амри маъруф”-и роҳбари Ансоруллоҳу ҲНИ-ро шунаванд. Ҳоли зори мани 63 сола ва ҳамсарам Ҳусния Муҳиддинова бояд барои ҳамагон дарси ибрат дорад, зеро ба ҷои ба ҷои давлати пирӣ рондан, бар марги фарзандони ҷавонмарг ва ҳоли зори Абдуллоҷони маъсум зор мегирем.

Бори дигар, лаънат бар ҲНИ ва созмонҳои ифротии ҳаммаслаки он мехонам, ки писарони моро аз роҳ зад ва дар сари пириямон хору зор кард.  Аз ҳамаи мардуми азизи Тоҷикистон, хоса падару модарони азиз  даъват мекунам, ки дар фикри тарбияи фарзандони азизи хеш бошед, бо шукргузорӣ аз чунин фазои озоду обод дар пайи таълиму тарбия ва боло бурдани донишу маърифати онҳо бошед, зеро имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароит баҳри таълиму тарбия фароҳам аст ва бояд бо шукргузорӣ аз чунин фазои мусоид аз тамоми имкоинятҳои мавҷуда ба мақсади фардои дурахшони фарзандони хеш истифода намоед.

Ман гумон мекунам, ки ба чунин ҳолат омадани хонаводаи мо пеш аз ҳама ҳамин ношукрии фарзандонам ба чунин фазои орому осуда ва шароити мусоид буд, ки бар асари гумроҳ шудан ба ақидаи наҳзатиҳо худрову фарзандони хешро қурбон намуданд.Аммо бовар дорам, ки ба чунин амалҳои хеш рӯзе наҳзатиҳо ва роҳбарону саркардагони ватанбезори онҳо дар назди халқу Ватан ҷавоб хоҳанд гуфт!!!
Бо ҳазорон орзу ва таманнои хушбахтиҳо ба тамоми мардуми тоҷик 
Ёқубҷон Ҳошимов, сокини ҷамоати деҳоти Тағояти ноҳияи Спитамен   

Комментарии (0)

Оставить комментарий