< ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНӢ: » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНӢ:

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНӢ:

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксари ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунӣ дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Чунин, амал низ аз тарафи роҳбарият ва аъзоиёни ҳизби наҳзати исломӣ чӣ дар давраи Шуровӣ ва чӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешуд. Қурбони чунин гуруҳҳо дар ин ё он минтақаи ҷаҳон асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротӣ ва гуруҳҳои террористиро биомузанд ва барои дафъи он кушиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст кирдорҳои ифротгароии ҲНИ мебошад. Оқибати чунин амалу рафтори онҳо аз хориҷӣ кишвар ба ҷудохоҳи ва дигаргун гардидани нигоҳи аҳоли нисбат ба сиёсати имрузаи пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ мегардад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти Конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошанд.

Агар ба тарих назар афканем солҳои 1990-1997 ҲНИ маҳз бо истифода аз дини Ислом миёни мардум ақидаҳои номатлубӣ диниро ҷой намуда, барои амалӣ намудани манфиатҳои нопокашон сокинони ҶТ-ро ба гуруҳо ҷудо намуданд, ки оқибати чунин амал ҷангӣ шаҳрванди дар Тоҷикистон шуд. 

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини Ислом инро намехоҳад. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи онидеологияе, ки ин идда мехоҳад миёни мардум паҳн намояд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гуё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпаратони хориҷии худро иҷро менамоянд.

Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчубаи мазҳаби суннатии мо «ҳанафия» мебошад. Аз ҳамин хотир сокинони кишварро зарур аст, ки ба ҳар як даъсисабозиҳои ҲНИ бовар накарда, ба гуфтаҳою баромадҳои бофтаяшон бовар накунанд. Чунки, онҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон идора карда мешаванд.    


Комментарии (0)

Оставить комментарий