Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд
Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии парлумони Русия дар канали «Telegram"-и худ навишт, ки Шӯрои Думаи давлатӣ баррасии ин тарҳи қонунро аллакай рӯзи душанбеи 13-уми апрел оғоз мекунад.
Ӯ гуфтааст, ки аз соли 2024 инҷониб, дар кишвар 22 қонуни федералӣ қабул шудааст, ки ба тақвияти сиёсати муҳоҷират нигаронида шудаанд, ки аксари онҳо аз ҷониби аъзои парлумон пешниҳод шудаанд.
«Мо кӯшиш кардем, ки ҳама кори имконпазирро анҷом диҳем, то муҳоҷирати ғайриқонуниро пешгирӣ кунем», — гуфтааст Валодин
Ҳоло, ихроҷи муҳоҷирон дар 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ва тарғиби кӯдакозорӣ шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд.
Тарҳи нави қонун пешниҳод мекунад, ки ин рӯйхат то 43 модда зиёд карда шавад. Баъд аз ин вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи пулис ва эҷоди монеа дар фаъолияти иншооти инфрасохторӣ ва нақлиёт низ метавонанд асос барои ихроҷ шаванд.
Ба таври алоҳида ба ин рӯйхат паҳн кардани маводҳои «таҳқиркунандаи ахлоқи ҷамъиятӣ» дар интернет, инчунин ҳар гуна амалҳои оммавие, ки ҳамчун бадномкунии артиши Русия ё даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди ин кишвар арзёбӣ мешаванд, дохил хоҳанд шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2025 аз Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.
Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия чӣ гуна аст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир ёфтааст? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Банди охирин чунин маъно дорад, ки шаҳрванди хориҷиро метавонанд ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун кунанд. Илова бар зиёд кардани асосҳо барои ихроҷ, лоиҳаи қонун барои як қатор ҳуқуқвайронкуниҳо ҷаримаҳои гаронтарро пешбинӣ мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2025 аз Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.
Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия чӣ гуна аст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир ёфтааст? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)