< Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?
​​​Исломобод рӯзи 10-уми апрел (ба қавли сухангӯи Кохи сафед, субҳи 11-уми апрел) метавонад мизбони мулоқоте бошад, ки бисёр коршиносон онро «таърихӣ» мехонанд: нахустин дидори мустақими намояндагони баланди Эрон ва Амрико аз замони инқилоби исломии соли 1979 то имрӯз дар ин сатҳ аст.

Ин мулоқот замоне иттифоқ меафтад, ки ду кишвар ба ҷанге, ки 40 рӯз идома кард, бо миёнҷигарии нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф оташбаси дуҳафтаина эълом карданд. Таҳлилгарон нақши Чинро низ дар эъломи оташбас муассир медонанд ва мегӯянд, ин талоши якҷояи Пекину Исломобод буд, ки аз забони Шаҳбоз Шариф баён шуд.​

Шариф рӯзи 8-ум апрел эълон кард, ки ин оташбас фавран амал хоҳад кард ва аз ҳар ду ҳайат даъват кард то ба Исломобод биёянд ва барои «тавофуқи ниҳоӣ дар ҳалли ҳамаи ихтилофот» мазокира кунанд.

Сафири Эрон дар Покистон гуфт, ки ҳайати музокиракунандаи кишвараш шоми 9-уми апрел озими Исломобод хоҳад шуд. Ҷониби Амрико низ бояд ҳамон рӯз ба пойтахти Покистон мерафт. Баъзе расонаҳои наздик ба Исроил субҳи имрӯз хабар доданд, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба Исломобод рафтаанд, Таҳрон дар ин ора то кунан чизе нагуфтааст. Кофи сафед гуфт, музокирот субҳи 11-уми апрел баргузор хоҳад шуд. То ин лаҳзаҳое, ки матлаб омода мешуд, аз ҳузури ҷониби Амрико дар Исломобод хабаре нашр нашуда буд.




Исроил, ҷониби дигари ин ҷанг, эълон кард, ки «аз тасмими Трамп барои таълиқи ҳамла ба Эрон ҳимоят мекунад», вале дар айни ҳол гуфт, «ҷанг бо Ҳизбуллоҳ дар Лубнон идома хоҳад ёфт».

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф таъкид мекунад, ки оташбас фарогири Лубнон ҳам мешавад, вале Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил ва Кохи сафед ин ҷузъро рад кардаанд. Эрон ин нуктаро «нақзи оташбас» шуморид.
Ҳайати Эрон: музокиракунандаҳои эҳтимолӣ киҳоянд?
Эрон то кунун ҳайати худро расман эълом накардааст. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар баёнияаш ин нуктаро таъкид карда, навишт, ки бовуҷуди ба сари музокирот нишастан, ҳамоно ба ҷониби дигар эътимод надоранд.

Расонаҳо бо такя ба манобеи худ менависанд, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон (парлумони Эрон) роҳбари ҳайати музокирот аз сӯи Эрон аст. Инчунин, аз Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам ҳамчун роҳбари дигари ҳайати музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломӣ ном мебаранд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф — хостаи Сипоҳ?Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам ҳаст, чанд вақт боз дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст.

Махсусан, баъди он ки Алии Лориҷонӣ, дабири пешини Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва яке аз чеҳраҳои матраҳи ин кишвар кушта шуд, садои Қолибоф пуриқтидортар шунида мешавад.

Бархе расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ қаблан ҳам навиштанд, ки Амрико маҳз Муҳаммадбоқир Қолибофро ҳамчун номзад барои музокирот медонад. Худи Қолибоф қаблан ин иддаоро рад карда буд.



Қолибоф соли 1961 дар шаҳраки Торқабаи Хуросон таваллуд шуд. Падараш дӯкондор буд, баъдан дар ҷанги Эрон — Ироқ (1980–1988) ба Сипоҳи посдорон пайваст ва зуд ба фармондеҳӣ расид. Бародараш Ҳасан дар ҳамин ҷанг кушта шуд.

Қолибоф фармондеҳи Нерӯи ҳавоии Сипоҳ (1997–2000), баъдан раиси олии Нерӯи интизомӣ (2000–2005) ва шаҳрдори Теҳрон (2005–2017) буд. Ӯ дар интихоботи раисҷумҳурӣ чаҳор маротиба номзад шуд ва ҳар бор шикаст хӯрд. Ҳоло раиси Маҷлис аст ва дар Шӯрои олии амнияти миллӣ узв мебошад.​

Хабаргузориҳои Ғарбиддао доранд, ки «Қолибоф ҳоло ба таври амалӣ Эронро идора мекунад» ва ӯ «бо Масъуд Пизишкиён ва Муҷтабо Хоманаӣ муносибати наздик дорад».

NBC News менависад, ки «Қолибоф бо Сулаймонӣ наздик буд» — яъне ӯ ҳамсолу ҳамкори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қурси Эрон буд, ки соли 2020 аз ҷонби Амрико кушта шуд. Ба ин далел мавқеи Қолибоф дар назари Сипоҳ иқтидорманд аст ва тахмин зада мешавад, ки ҳарфи Сипоҳро хоҳад гуфт.

Хабаргузории даслатии Эрон — ИСНА Қолибофро раҳбари ҳайат номид, аммо хабаргузории наздик ба Сипоҳ — Тасним ин хабарро рад карда, гуфт, масъала то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Муҳаммадбоқир Қолибоф кист? Дар ин матлаби «Азия-Плюс» маълумоти муфассал дарёбед.
Аббос Ароқчӣ — дипломати устувору ором ва огоҳ аз барномаи ҳастаӣБа ҷуз Қолибоф, расонаҳо бо эҳтимол менависанд, ки роҳбар ё ҳамроҳбари ҳайати Эрон вазири корҳои хориҷӣ хоҳад буд. Яъне, ҷониби Ҷумҳурии Исломӣ ду роҳбар хоҳад дошт ва ӯ Аббос Ароқчӣ аст.

Аббос Ароқчӣ соли 1962 дар Теҳрон таваллуд шуд ва дар ҷанги Эрон — Ироқ дар Сипоҳи посдорон хидмат кард. Баъдтар вориди Вазорати умури хориҷа шуд ва зуд мақоми назаррас пайдо кард: Сафир дар Финландия (1999–2003), Сафир дар Ҷопон (2007–2011), муовини вазири умури хориҷа. Аз соли 2013 узви асосии ҳайати мазокирати ҳастаие буд, ки Созишномаи JCPOA (Барҷом)-ро дар соли 2015 ба имзо расонд.



Расонаҳо Аббос Ароқчир касе меноманд, ки ҳам дар назди Ғарб эътибор дорад ва ҳам дар дохилии Эрон. Ҳамтои амрикоии ӯ дар солҳои қабл, муовини сафири ИМА Уэнди Шерман, дар хотираҳояш навиштааст, ки Ароқчӣ «пӯлодин, устувор ва ором» буд ва тафсилоти барномаи ҳастаиро пурра медонист.

Reuters аз ду манбаи покистонӣ гузориш додааст, ки ҳайати Эронро Қолибоф ва Ароқчӣ якҷоя роҳбарӣ хоҳанд кард. Агар ин тасдиқ шавад, Қолибоф намояндаи Сипоҳ ва ниҳодҳои амниятиро ифода мекунад, Ароқчӣ бошад тарафи дипломатии касбиро.
Ҳамчунин, дар музокироти қаблӣ ҳайати Эронро Аббос Ароқчӣ ҳамроҳ бо муовинонаш — Маҷид Тахтравончӣ, Козим Ғарибободӣ ва Исмоил Бақоӣ намояндагӣ мекарданд. Эҳтимол меравад, ки онҳо дар нишасти Исломобод низ ширкат варзанд.

Ҳайати Амрико: се нафар аз оламе, ки дипломатия барояшон касби дуввум астКохи Сафед рӯзи 8-ум апрел расман тасдиқ кард, ки ҳайати Амрикоро Ҷей Ди Вэнс, ноиби раисҷумҳур, Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп, ташкил медиҳад.

Баландтарин мақом дар ин ҳайат Вэнс аст, ки ҳузурашро Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед, расман эълон кард. Левит гуфт:
«Вэнс аз аввал нақши муҳим ва калидӣ дошт».Ҷей Ди Вэнс — дархости Эрон?Вэнс,панҷоҳумин ноиби раисҷумҳури Амрико аз моҳи январи 2025 аст, соли 1984 дар Миддлтауни Огайо таваллуд шудааст. Кӯдакии душворе доштааст. Дар ҷавонӣ дар Нерӯи баҳрии Амрико хидмат карда, дар Донишгоҳи Огайо таҳсил намуда ва дар мактаби ҳуқуқи Йел дараҷаи ҳуқуқшиносӣ (JD) гирифтааст.

Вэнс пеш аз он ки сиёсатдон шавад, ба сармоягузорӣ дар ширкати Питер Тиел машғул буд. Дар соли 2022 ба Сенати Амрико аз Огайо интихоб шуд ва бо ду сол хидмат дар Сенат яке аз камтаҷрибатарин ноиби раисҷумҳур дар таърихи кишвардории ИМА шуд.



Вай яке аз мухолифони ҷанги дарозмуддат бо Эрон буд. NPR гузориш медиҳад, ки ӯ пеш аз оғози ҷанг дар маслиҳатҳои дохилии Кохи сафед ба ҳамла бо шубҳа муносибат мекард, аммо ба таври оммавӣ аз ҷанг дифоъ кард. Ба ҳамин сабаб, ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, ҷониби Эрон хостааст, ки бо Вэнс мулоқот кунад, на бо Уиткофф ва Кушнер, ки дар музокироти то ин лаҳза анҷомдода нокорагии худро намоиш доданд. Вэнс чун сиёсатмадоре, ки ҷанги дарозмуддатро намехоҳад, муаррифӣ мешавад.
Стив Уиткофф — дӯсти ТрампӮ намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна (аз соли 2025) ва намояндаи вижа барои рисолати сулҳ аст. Уиткофф дар соли 1957 дар Бронкси Ню-Йорк таваллуд шуда, дар Донишгоҳи Хофстра тарбия гирифт ва баъд аз кори ҳуқуқӣ, ба соҳаи сохтмон ва амволи ғайриманқул гузашт. Соли 1997 ширкати «Witkoff Group"-ро таъсис дод. Сарваташ тибқи арзёбии Forbes дар соли 2025 ба ду миллиард доллар расидааст.

Стиф Уиткофф ҳеҷ таҷрибаи дипломатии расмӣ надошт, вале бо Трамп аз солҳои 1980-ум дӯст аст. Расонаҳо менависанд, ки дӯстии онҳо аз соли 1986 сар шудааст: «вақте Трамп ҳатто маблағи таомхарӣ надошт, Стив Уиткофф ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекунад».



Уиткофф дар музокироти Эрон аз апрели 2025 фаъол буд, аммо дар ин пай нигарониҳои ҷиддие ҳам зикр мешуданд: Анҷумани назорати яроқ дар асоси сабтҳои худи музокирот хулоса кардааст, ки Уиткофф «таҷрибаи кофии техникӣ барои музокироти ҳастаӣ надорад» ва «иштибоҳоти ҷиддӣ дар тавсифи барномаи ҳастаии Эрон кардааст».

Ӯ ҳамчунин, музокиракунандаи аслӣ аз ҷониби Амрико дар музокироти Русияву Украина барои поён додан ба ҷанг аст, ки он ҳам бо вуҷуди ваъдаи «дар 24 соат поён додан ба ҷанг» аз сӯйи Трамп, беш аз як сол аст идома дорад, вале ҳеҷ натиҷае надодааст.
Ҷаред Кушнер — домоди ТрампӮ намояндаи раисҷумҳур аст. Кушнер дар соли 1981 дар Ню-Ҷерси таваллуд шуда, дар Донишгоҳи Ҳарвард ва Донишгоҳи Ню-Йорк таҳсил кардааст. Соли 2009 бо Иванка Трамп, духтари Доналд Трамп издивоҷ кард.

Кушнер дар давраи раисҷумҳурии Трамп (2017–2021) дар Кохи сафед кор карда буд ва дар қабули Созишномаҳои Иброҳим — роҳандозии муносибати дипломатии Исроил бо кишварҳои арабӣ нақши калидӣ доштааст. Пас аз он ширкати сармоягузории «Affinity Partners"-ро таъсис дод ва аз Арабистони Саудӣ, АМА ва Қатар миллиардҳо доллар сармоя ҷалб кард.

Вижагии ин ҳайат дар он аст, ки ҳар се нафар на дипломати касбӣ, балки тоҷирони амволи ғайриманқул ва соҳибкор мебошанд. Ва дуи онҳо — Уиткофф ва Кушнер яҳудианд.

Аз ин мулоқот чӣ медонем?Шӯрои олии амнияти миллии Эрон тасдиқ кард, ки барои ин музокирот 10 банд пешниҳод кардааст, ки фарогири ин хостаҳо аст:

— лағви таҳримҳо;
— ҷуброни зарари ҷанг;
— хуруҷи нирӯҳои Амрико аз пойгоҳҳои Ховари Миёна;
— ба расмият шинохтани ҳакимияти Эрон бар Тангаи Ҳурмуз;
— ва расмигардонии тавофуқ дар Шӯрои амниятии СММ.
Доналд Трамп дар ин робита дар Truth Social навиштааст: «Пешниҳоди 10 банди Эронро дарёфт кардем ва фикр мекунем он метавонад пояи муносиби музокира бошад».
Дар ин баробар, ба гуфтаи ВВС, Амрико низ 15 банди пешниҳод кардааст, ки дар музокирот мавриди баҳс қарор мегирад. Маълум нест, ки он аз чиҳо иборат аст.


Сарчашма: asiaplus.news​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий