< Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Куриё” аз зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъкид кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Куриё” аз зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъкид кард

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Куриё” аз зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъкид кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ-Куриё (Корея)-и Ҷанубӣ», аз ҷумла аз зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо ва ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид кардааст.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки ӯ имрӯз, 16-уми сентябр дар ҳузури раисҷумҳурони Куриё ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Сеул гуфтааст, ки рушди ҳамкориҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ- Куриё» дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.
                                    "                                          
»Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад»,  — навиштааст манбаъ.
                                         
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи нишасти сарони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номидааст.

Ӯ дар фарҷоми суханронии худ изҳори бовар кардааст, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Куриё боз хоҳанд кард. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар фароварди ҳамоиш аз рӯи натиҷаи кори ҳамоиш, «Эъломияи Сеул» қабул шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 15-уми сентябр барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Сеул рафта буд. Дар ҳошияи ин ҳамоиш, ӯ субҳи имрӯз, 16-уми сентябр бо раисҷумҳур ва сарвазири Куриё мулоқот ва аз ҷумла, роҳандозии парвозҳои мустақим байни ду кишвар ва содагардонии раванди муҳоҷиарти тоҷикитсониҳоро ба ин кишвар баррасӣ кардааст. Бештар дар инбора дар ин маводи мо хонед: Тоҷикистону Куриё роҳандозии парвозҳои мустақим ва содагардонии муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд

Тоҷикистону Куриё 15 санади нави ҳамкорӣ имзо кардаандҲамчунин, пас аз музокироти раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Куриё, ду кишвар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки ин созишномаву ёддоштҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, гумрук, маориф, мубориза бо фасод, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
                    
                                                            
                                            
                                            
                                            
                                            
                                            
                                            
                                                                                                                                      
                                          Санадҳои имзошуда инҳоянд:
  • Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Куриё дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;
  • Ёддошти тафоҳум миёни хадамотҳои гумруки ду кишвар дар мавриди ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар марз;
  • Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои маорифи ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
  • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Куриё дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба фасод миёни Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ва Комиссияи зиддифасод ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Куриё;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Куриёи дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм;
  • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноати Тоҷикистон ва Вазорати савдои Куриё;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Куриё дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Куриё;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ д барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Куриё;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Оҷонсии содироти Тоҷикистон ва Оҷонсии рушди тиҷорат ва сармоягузории Куриё (KOTRA);
  • Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон ва Оҷонсии бехатарии меҳнат ва саломатии Куриё;
  • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энержии Тоҷикистон ва Ширкати энержии Куриё (KEPCO) дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ;
  • Ёддошти тафоҳум миёни Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Куриё;
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Точикистон ва Пулиси Куриё.
Бояд гуфт, ки қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Куриё» аз соли 2007 амал мекунад. То ин вақт ин нишаст дар сатҳи вазирон баргузор мешуд ва нишасти дарпешистода нахустин мулоқот дар сатҳи сарони давлатҳо хоҳад буд.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз Куриёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 144 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шудааст. Вале тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра аз Тоҷикистон ба Куриё молу маҳсулот содир нашудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий