Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ
Ба иттилои манбаъ, интизорӣ меравад, ки соли 2026 суръати рушд дар минтақа 2,1%-ро ташкил диҳанд. Дар Русия рушди иқтисод то 0,8% суст шуда, дар дигар кишварҳои минтақа — то 2,9% поин меравад, ки ба нархҳо ва бахши сармоягузорӣ таъсир мерасонад, вобаста аст.
«Устувории минтақа мавриди озмоиш қарор мегирад, зеро як қатор кишварҳо ба воридоти газу нафт ва нуриҳои минералӣ вобастаанд», — гуфтааст Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ дар масоили Аврупо ва Осиёи Марказӣ .
Ӯ зикр кардааст, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба рафъи оқибатҳои буҳрон, бахусус ҳифзи қишрҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳ доранд. ба гуфтаи вай, идомаи ислоҳоти сиёсӣ, ки ба таъмини устувории рушд ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ равона шудааст, ба коҳиш додани оқибатҳои буҳрон ёрӣ мерасонад.
Пешбинӣ мешавад, ки солҳои 2026-2027 дар пасманзари ба субот омадани истихроҷи нафт дар Қазоқистон, сатҳи рушд дар Осиёи Марказӣ то 4,9% поин меравад.
Дар Аврупои Марказӣ сатҳи рушд дар соли 2026 то 2,3% поин рафта, дар ҳамин ҳол, ба қисман ҷуброн кардани коҳиши истеъмол, сармоягузориҳои давлатӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо кумак мекунанд.
Дар Балкани Ғарбӣ ба туфайли сармоягузорӣ ба зерсохтор ва содироти фаъоли хидматрасониҳо, рушди иқтисод дар солҳои наздик ба ҳисоби миёна 3,1%-ро ташкил хоҳад дод. Дар Украина соли 2026 бар асари идомаи даргириҳои ҳарбӣ, болоравии нарх ба нерӯ ва мушкилоти буҷетӣ, рушди иқтисод то 1,2% поин меравад.
Сиёсат дар соҳаи саноат низ дар кишварҳои минтақа тағйир меёбад. Сустшавии афзоиши маҳсулнокии меҳнат тайи даҳсолаи ахир сиёсатмадоронро водор сохт, ки ба соҳаи саноат, ки ба дастгирии бахшҳои ҷудогона ё ширкатҳо равона шудааст, рӯ оваранд. Коршиносон бар ин назаранд, ки кишварҳои минтақаро лозим аст, ки тадбирҳои таҳкими рақобатпазирӣ дар оянда, аз ҷумла дастгирии соҳаҳои дорои технологияи баланд ва бунёди иқтидорҳои истеҳсолии навро рӯйи даст гиранд.
Ивайло Изворски, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, зикр кардааст, ки барои таъмини рушди бештари маҳсулнокӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ба кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ ба ислоҳоти сиёсӣ зарур аст, ки ба таҷдиди муҳити корӣ, ҳавасмандсозии соҳибкорӣ ва беҳбуди сифати таълим мусоидат мекунанд.
Коршиносон таъкид месозанд, ки сиёсат дар соҳаи саноат бояд ба ширкатҳои нав ва дар ҳоли рушдро дастгирӣ кунад. Он бояд рақобатпазириро мустаҳкам кунад, на балки халалдор созад.
Сарчашма: asiaplus.news

Низоъ дар Ховари Миёна хавфи калидие боқӣ мемонад, ки метавонад ба ҷиддан маҳдудсозии таҳвили захираҳои энергетикӣ ва нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон оварда расонад. Ин метавонад ба болоравии нарх ба нерӯ (сӯзишворӣ) ва ғизо боис гардад, ки рушди иқтисод дар минтақаро боз ҳам душвортар месозад.
Сиёсат дар соҳаи саноат низ дар кишварҳои минтақа тағйир меёбад. Сустшавии афзоиши маҳсулнокии меҳнат тайи даҳсолаи ахир сиёсатмадоронро водор сохт, ки ба соҳаи саноат, ки ба дастгирии бахшҳои ҷудогона ё ширкатҳо равона шудааст, рӯ оваранд. Коршиносон бар ин назаранд, ки кишварҳои минтақаро лозим аст, ки тадбирҳои таҳкими рақобатпазирӣ дар оянда, аз ҷумла дастгирии соҳаҳои дорои технологияи баланд ва бунёди иқтидорҳои истеҳсолии навро рӯйи даст гиранд.
Ивайло Изворски, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, зикр кардааст, ки барои таъмини рушди бештари маҳсулнокӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ба кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ ба ислоҳоти сиёсӣ зарур аст, ки ба таҷдиди муҳити корӣ, ҳавасмандсозии соҳибкорӣ ва беҳбуди сифати таълим мусоидат мекунанд.
Коршиносон таъкид месозанд, ки сиёсат дар соҳаи саноат бояд ба ширкатҳои нав ва дар ҳоли рушдро дастгирӣ кунад. Он бояд рақобатпазириро мустаҳкам кунад, на балки халалдор созад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)