Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар мулоқот Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иброз намуд, ки ин чорабинӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар он муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳим самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро фаро гирифта, дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро муайян менамояд. Махсусан баланд бародоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа дар ин санад махсус таъкид гардидааст.
Дар мулоқот дар робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими ҳамкории судманд дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти комиссияю ташкилоти марбута, ҳамчунин ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дастовардҳои мамлакат давоми даҳсолаи охир дар самти волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян ва оид ба роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва кӯдак ибрози назар карда шуд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)