Парлумон созишномаи ҷалби гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба Русияро ба тасвиб расонид. Дар санад чӣ гуфта шудааст?
Тағйиру иловаҳо ба «Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия» аз сӯи вакилон рӯзи 8-уми апрел баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Тибқи ин санад, минбаъд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қисми зиёди расмиёти пеш аз сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русияро дар дохили кишвар анҷом дода, онҳоро ба таври дастҷамъона ба Русия мефиристад. Дар ин сурат, муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар танҳо иҷозатномаи корӣ (патент) гирифта, ба кор оғоз кунанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни муаррифии санад, ҳадафи онро ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик гуфтааст.
«Протокол имкон медиҳад, ки шаҳрвандон қисми зиёди расмиёти зарурӣ, аз қабили гирифтани маълумотнома оид ба муоинаи тиббӣ, изи ангушт, супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро пеш аз сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд», — гуфтааст ӯ дар суханронии худ.
Дар доираи созишнома, муҳоҷирон пеш аз сафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуд, ба талаботи бозори меҳнати Русия мутобиқ кунонида мешаванд.
Қаблан, байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар Созишнома дар бораи гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки дертар аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон тавсиб шуда, ахиран раисҷумҳури Русия низ онро имзо кард. Ҳамчунин, вакилон арзиши гузаштан аз муоинаи тиббиро низ муайян карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои муҳоҷирон ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.
Ахиран, Думаи давлатии Русия тарҳеро пешниҳод кард, ки рӯйхати асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро қариб ду баробар зиёд мекунад. Агар ин тағйирот пазируфта шавад, аз ҷумла, ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳар гуна ҳарф зидди артиши Русия боиси ихроҷи муҳоҷирон мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)