< Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд
​Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома, рӯзи 7-уми апрел гуфтааст, ки ин тадобир, ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки дар шароити пурзӯр шудани назорат ва ворид кардани тағйирот ба қонунгузории Русия, шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз сафар дар Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе, маълумоти биометрӣ — аксбардорӣ ва супурдани изи ангуштон, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, санҷиши манъи вурудро анҷом дода, тариқи замимаи мобилии «Госуслуги RuID» ариза пешниҳод кунанд.

«Анҷом додани тартиботи пеш аз сафар ба шумо имкон медиҳад, вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед, раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Русияро содда гардонед, дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоед, аз рӯзҳои аввали будубош ба талаботи қонунгузории Федератсияи Русия мутобиқ бошед»,-навиштааст намояндагӣ.
Бояд гуфт, ки аз моҳи феврали соли 2026 гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русия имконпазир шуд. Муҳоҷирони корӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани «патент» дар Тоҷикистон гузаранд.

Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро вакилони тоҷик рӯзи 4-уми март ба тасвиб расониданд.

Ин созишнома 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд. Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.

Пештар, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, харҷи зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.

Бояд гукфт, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши «патент» ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий