Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст.
Саразми 5500-сола, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст, Панҷакенти қадим — куҳаншаҳри асрҳои V–III, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд ва беш аз 300 ёдгории дигари таърихӣ, ҳамчунин манзараҳои нотакрор мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Дар ин радиф Ҳафткӯли афсонавӣ, ки мардум шоирона аз он Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма ном мебаранд, яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҳазорҳо меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз мавзеъҳои бостонӣ ва зебоиҳои табии ин гӯшаи диёр боздид намуда, таассуроти амиқ мебардоранд.
Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар ин гӯшаи зебои мамлкат ширкатҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ, маконҳои истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳо бунёд ва ба ин восита даҳҳо сокинони маҳаллиро бо кор таъмин намудаанд.
Пойгоҳи сайёҳии «Саёҳати Ҳафткӯл», 24 ширкати сайёҳӣ, 11 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 хона барои қабули меҳмонон ва шабакаи васеи ошхонаю тарабхонаҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд шудаанд, аз ин ҷумла мебошанд. Пойгоҳи сайёҳию кӯҳнавардии «Артуч» дар мавзеи Кӯли калон, ки аз замони шуравӣ ба сайёҳону кӯҳнавардон маълум буд, фаъолияти худро идома медиҳад.
Аммо баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки бартараф намудани он боиси рушди бештари туризм ва беҳтар шудани зиндагии мардуми ин гӯшаи афсонавӣ мегардад. Яке аз онҳо роҳи ноҳамвори деҳаҳои Рукнобод ва Артуч мебошад. Ҳамасола сайёҳон ин роҳро бо мушкилӣ мегузаранд. Аз Рукнобод то Артуч, ки 30 километр масофа дорад, роҳ валангор аст. Оромгоҳи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки мероси фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Деҳаҳои Рукнобод ва Артуч на танҳо бо табиати зебои худ, балки мавзеъҳои таърихию фарҳангиашон ҷолибанд, вале роҳи ноҳамвор рафтуомади сайёҳонро ба ин макон мушкил мегардонад.
Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузорон ба соҳаи сайёҳӣ бо беш аз 35 давлати ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)