Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Манбаъ навиштааст, номбурда қаблан бо моддаи 190, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда зимни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ф. Ниёзӣ як манзилро ба якчанд нафар ба фурӯш гузошта, маблағҳои калони пулӣ ба даст овардааст.
Ба қавли манбаъ, ҳоло 8 ҳолати ҷинояти қаллобии содиркардаи номбурда ба қайд гирифта шуда, зарари расонидашуда зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба Садуллоев Б. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)