Барои рушди мактабҳои санъат қариб 40 млн сомонӣ ҷудо хоҳад шуд. Ин пул барои чӣ сарф мешавад?
Барои амалисозии Барномаи рушди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, рассомӣ ва санъат дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда 39,57 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Барнома бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 26-уми августи соли 2026 барои солҳои 2027–2031 тасдиқ шуда, ҳамоҳангсози он Вазорати фарҳанг мебошад.
Аз ин пул 38,07 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва 1,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, ҷалби грант ва кумаки техникии созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Қисми дигар ба тайёрӣ ва такмили омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва дастгирии истеъдодҳо – тавассути стипендия, грант ва озмунҳои эҷодӣ сарф мешавад.
Ҳадафи стратегии барнома сохтани як низоми ягонаи сезинагии таҳсилоти бадеист – аз мактаби бачагона то зинаи олии касбӣ. Барои ин, идоракунии муассисаҳо таҳти Вазорати фарҳанг мутамарказ ва нақшаву барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқ мешаванд.
Зарурати ин иқдом аз он бармеояд, ки пайванди зинаҳои таҳсилот суст мондааст: як қисми ками кӯдакон ба таҳсилоти иловагии бадеӣ фаро гирифта мешаванд ва боз камтари хатмкунандагон таҳсилро дар зинаи олӣ идома медиҳанд.
Барнома то соли 2031 барои ҳар нишондиҳанда – аз фарогирии кӯдакон ва ҳиссаи омӯзгорони соҳибтахассос то сатҳи таъмини мактабҳо бо асбобу таҷҳизот – ҳадафи мушаххас гузоштааст. Ҳамаи ин рақамҳо, тақсимоти мактабҳо аз рӯи минтақа ва муқоисаи имрӯз то ҳадафи соли 2031-ро муфассал дар нигораи иттилоотии “Азия-Плюс” дида метавонед.
Санади нав дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” қабул шудааст. Назорати иҷрои барномаро низоми мониторинг таъмин мекунад ва Вазорати фарҳанг ҳамасола ба ҳукумат ҳисобот медиҳад.
Ин барнома идомаи сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг мебошад. Чанде пештар Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030”-ро тасдиқ ва дар доираи он барои рушди фарҳангу санъат барои 5 соли оянда қариб 100 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки он барои баргузории фестивалу озмуну маҳфил ва рушди театру рақамисозии китобхонаҳо, тарбияи кадрҳо ва пажӯҳишҳои илмиву тадқиқоти фарҳангӣ, тағйири низоми идоракунӣ ва таъмини таҷҳизоти замонавӣ равона мешавад.
“Азия-Плюс” барномаро дастрас кард ва бо мундариҷаи он ошно шуд, ки дар нигораи иттилоотӣ маълумот гирифта метавонед.
Сарчашма: asiaplus
Комментарии (0)