< Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, дар маҳфил роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ тавассути қироати осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҷаҳони пурғановати ҳамосаи миллӣ рӯ оварданд. Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадони тоҷик сухан намуда, нақши ин асари безаволро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои маънавӣ баланд хонд.
Дар идомаи маҳфил иштирокдорон аз достонҳои гуногуни «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, мазмуну муҳтавои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва инсонгароёнаи онҳоро тавзеҳ доданд. Ҳамзамон кормандони Осорхонаи миллӣ бо пешниҳоди намоишномаи театрӣ бархе аз достонҳои ҳамосаи Фирдавсиро ба саҳна оварданд.

«Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи бузурги хирад, далерӣ, адолат ва ватандӯстӣ давоми садсолаҳо ҳофизаи таърихӣ ва арзишҳои маънавии мардумро ҳифз намудааст. Аз ин рӯ, шиносоии насли имрӯз бо ҷаҳони пурғановати он на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гузашта, балки пайванди маънавии дирӯз, имрӯз ва фардост.

Дар анҷоми маҳфили адабӣ таъкид шуд, ки омӯзиш, қироат ва тарғиби осори ҷовидонаи «Шоҳнома» метавонад дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ байни наслҳо нақши муҳим дошта бошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий