< То имрӯз танҳо беш аз 17% нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

То имрӯз танҳо беш аз 17% нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст

То имрӯз танҳо беш аз 17% нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст
То 20-уми сентябри соли равон дар Тоҷикистон 68 ҳазору 207 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 17,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварӣ беш аз ду баробар кам аст: то 20-уми  сентябри соли гузашта 142 ҳазору 844 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи имсола нисбат ба соли гузашта 74,6 ҳазор тонна ё беш аз 50% камтар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, соли 2026 мақомот нақша доранд, ки аз майдони 164,8 ҳазор гектар 394,7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. Соли 2025 дар кишвар 392,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.
                                    "                                          
»Танҳо 20 сентябри соли 2026 пахтакорон 5 ҳазору 327 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд. Дар маъракаи ҷамъоварӣ беш аз 92,7 ҳазор нафар иштирок мекунанд», — гуфтааст вазорати кишоварзӣ.
                                         
Ба иттилои ин ниҳод, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо суръати ҷамъоварӣ паст боқӣ мемонад: камтар аз 10%-и нақша иҷро шудааст.
Вазорат ба хоҷагиҳо тавсия додааст, ки аз ҳавои мусоид истифода бурда, техника ва қувваи кории иловагӣ ҷалб кунанд ва пахтаи ҷамъовардашударо саривақт ба нуқтаҳои қабул расонанд.

Солҳои ахир парвариши пахта аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар нашуд ва аксари кишоварзон кишти заминҳои худро бо зироатҳои бештар даромадовар, аз ҷумла гандуму сабзавот, афзалтар мешуморанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки баҳри иҷрои нақшаҳо доир ба кишти пахта тамоми тадбирҳои заруриро рӯйи даст гиранд. Супориши мазкур дар протоколи маҷлиси ҳукумат дарҷ ёфтааст. Соли гузашта нусхаи ин протокол аз моҳи январи соли 2025 дар ихтиёри идораи «Азия-Плюс» низ қарор гирифта буд.
                                                                   
 Ин аст, ки соли гузашта, бархе деҳқонон нигаронӣ карда буданд, ки мақомоти маҳалли кишти зироати онҳоро вайрон карда, ба ҷои он пахта коранд.        
                                                      
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 29-уми январ афзуд, «ин нодуруст ва барои иқтисод зараровар мебошад».

Ӯ тасдиқ кард, ки дар бархе минтақаҳо деҳқононро маҷбур мекунанд, ки кишти дигар зироатро вайрон карда, ба ҷои он пахта коранд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, киштзори дигаронро хароб кунад ва даро сурати чунин ҳолат «тибқи қонун, хароҷоти деҳқонон бояд аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ҷуброн карда шавад».
Содироти асосан ашёи хомТоҷикистон асосан нахи пахтаро содир мекунад, дар ҳоле ки ҳаҷми таҳвили маҳсулоти коркарди чуқуртар хеле кам боқӣ мемонад.
                                                                    
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар соли 2025 кишвар ба маблағи 142,1 миллион доллар тақрибан 93 ҳазор тонна нахи пахта содир кард. Содироти риштаи пахта 11,24 ҳазор тонна ба маблағи 25,05 миллион долларро ташкил дод.                                                              

Илова бар ин, ба хориҷа 3,25 ҳазор тонна матоъ ва маҳсулоти тайёр ба маблағи 9,45 миллион доллар таҳвил дода шуд.
Дар доираи Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030 мақомот нақша доранд, ки технологияҳои муосири парваришро ҷорӣ кунанд, истифодаи плёнка ва обёрии қатрагиро васеъ намоянд, инчунин коркарди пахтаро дар дохили кишвар афзоиш диҳанд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий