"Бо ваъдаи таъмин ба манзили истиқоматӣ". Боздошти марде, ки ба шаҳрвандон беш аз 5 миллион сомонӣ зарар расондааст
Манбаъ навиштааст, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ шаҳрванд Кароматуллои Исматулло, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.
«Ҳоло 4 ҳолати қаллобии гумонбаршуда ошкор карда шудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда дар умум 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд», — омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба гумонбаршуда Кароматуллои И. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Дар ин росто, мақомот эълон кардааст, ки шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 муроҷиат намоянд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)