Як ҷавонро барои корд задани милиса 22 сол зиндонӣ кардаанд
Додгоҳи вилояти Суғд Парвиз Абдуҳамидов, сокини 27-солаи шаҳри Хуҷандро барои корд задани як саргурди пулис (майори милиса) 22 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бор пулиси ин вилоят рӯзи 17-уми сентябр хабар дода, гуфт, ки ҳодисаи кордзании корманди пулис рӯзи 12-уми май дар соҳили Сирдарё, дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз Абдураҳимов бо чанд каси дигар дар як нуқтаи таъмири мошинҳои Хуҷанд муноқиша карда, барои зӯрозмоӣ ба соҳили рӯди Сир мераванд. Саргурди пулис аз ин воқеа огоҳ шуда, барои пешгирии он ба ҷои ҳодиса ҳозир мешавад ва аз тарафҳои даргир талаб мекунад, ки бетартибиро қатъ кунанд.
Вале, ба қавли пулиси Суғд, Абдуҳамидов ин хостаи ӯро напазируфта, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба қафаси сина ва тахтапушти корманди пулис се зарба мезанад.
Ин ниҳод афзудааст, ки корманди милиса дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол меёбад ва пас аз муолиҷа дубора ба кораш баргаштааст. Мақомот бидуни зикри номи ин саргурди пулис гуфтаанд, ки ӯ дар шуъбаи ВКД дар Хуҷанд кор мекунад.
Қаблан Радиои Озодӣ дар гузорише аз ин корманди пулис Шаҳзод Холов ном бурда, иттилоъ дода буд, ки ӯ соли 2020 ҳам Парвиз Абдуҳамидовро бо гумони содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт карда будааст.
Ин расона навишта буд, ки ин ҷавони 27-сола он вақт 5 сол маҳбасӣ шудааст ва «гӯё пеш аз дарафтодан ба корманди пулис гуфтааст, ки маҳз ту будӣ, ки маро зиндонӣ кардӣ».
Ин бор Додгоҳи Суғд дар ҳукме, ки маълум нест кай содир шудааст, Абдуҳамидовро бо моддаҳои 237 қисми 3 бандҳои, а ва б (авбошӣ), 32 қисми 3 (сӯйиқасд ба ҷиноят) ва 104 қисми 2 (куштор) гунаҳкор дониста, ба 22 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум кардааст.
Назари маҳкумшуда ва наздиконаш дар робита ба қазияҳои зикршуда ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)