< Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт
​Тибқи иттилои расонаҳо, Маҳмадраҷаб Абдуллозода ба ҳайси хабарнигори «Телевизиони Тоҷикистон» ва сухангӯи раиси шаҳри Бохтар фаъолият мекард.

Гуфта мешавад, ки садамаи нақлиётӣ рӯзи 17-уми сентябр дар минтақаи Шаҳристон рух додааст. Мошине, ки ин хабарнигор ва се ҳамроҳи ӯ бо он сафар мекарданд, ба як мошини боркаш бармехӯрад ва дар натиҷа хабарнигори тоҷик дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар бораи шахсияти се нафари маҷруҳшуда иттилоъ дода нашудааст ва онҳо дар Бемористони марказии ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудаанд.

Дар пайи даргузашти Маҳмадраҷаб Абдуллозода мақомоти шаҳри Бохтар ба аҳли пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуданд. Дар ин изҳори ҳамдардӣ гуфта мешавад, ки «Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз даргузашти нобаҳангоми Котиби матбуотии раиси шаҳр Маҳмадраҷаб Абдуллозода сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила, наздикону пайвандон ва дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамояд».

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Бохтар ӯ аз ҷумлаи ҷавонони нексиришт буд ва дар «иҷрои рисолати касбӣ» масъулияти худро даҳчанд иҷро менамуд.

Ҳамкорон ва дӯстони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро ба хонаводааш таслият гуфта, зикр намудаанд, ки ӯ як инсони нексиришт, хушахлоқ ва дар кори худ ботаҷриба буд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий