< Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
​Мақомоти полиси ноҳия гумонбари ин ҳодисаро боздошт намуда, тафтишоти пешакиро оғоз намудаанд.

Навори пайдо шудани ду кӯдаки дастбаста дар ғоре дар ноҳияи Муъмонобод дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокунишҳои мухталифро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди дидани ин навор аз мақомот хостанд, ки омилони ин ҷиноят ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки баъди нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Муъминобод ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои полиси ин ноҳия, дар натиҷаи чораҳои оперативӣ шахсияти ин ду кӯдак мушаххас шудааст. Онҳо сокини деҳаи Чашмаи ҷӯшони ҷамоати деҳоти Тӯтиёни ноҳияи Муъминобод мебошанд.


Полиси ноҳия иттилоъ дод, ки ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр рух додааст. Марди гумонбар ба ин ҳодиса боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки марди гумонбар кӯдаконро бо баҳонаи ҷамъ намудани себу ангур аз боғ ба ғори воқеъ дар ҳамин минтақа, бурдааст. Гумонбар дасту пойи кӯдаконро баста, онҳоро латукӯб намуда, ба куштан таҳдид кардааст.

Гумонбари боздоштшуда Раббонӣ Сайёд, сокини деҳаи Лангаршозода, соли таваллудаш 2007 мебошад. Полис мегӯяд нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Гуфта мешавад, ки вазъияти равони гумонбари боздоштшуда низ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.



Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий