< Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, яке аз ин синфхонаҳо ба номи иқтисоддон ва занбӯриасалпарвари соҳибтаҷриба Файзулло Мирзо гузошта шуд.

Синфхона бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва маводи зарурӣ барои омӯзиши назариявӣ ва амалии донишҷӯён муҷаҳҳаз гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ректори донишгоҳ Усмон Махмадёрзода гуфт, ки фароҳам овардани шароити муосири омӯзишӣ барои донишҷӯён ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоидат мекунад.

Ифтитоҳи синфхонаҳои нав дар оғози соли таҳсил аз иқдомҳое ба шумор меравад, ки ба пайванди донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, ҳавасмандсозии ҷавонон ба омӯзиши соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавону соҳибкасб мусоидат менамояд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий