< Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид

Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
​Дар ин муддат кишоварзони шаҳр тавассути истифодаи дурусти заминҳои корам ва технологияи муосири соҳаи кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёниданд. Аз ҷумла, 27900 тонна пиёз, 2822 тонна карам, 17280 тонна помидор, 15675 тонна бодиринг, 1420 тонна сабзӣ, 7600 тонна дигар намуди сабзавот, 3074 тонна маҳсулоти полезӣ, 5061 тонна ангур ва 5319 тонна меваҳои гуногун истеҳсол намуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то 21 августи соли 2026 аз шаҳри Турсунзода ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 70 ҳазору 565 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, 57 ҳазору 562 тонна сабзавот, 22 ҳазору 508 тонна пиёз, 14 ҳазору 467 тонна помидор, 13 ҳазору 700 тонна бодиринг, 6887 тонна дигар намуди сабзавот, 2729 тонна мевагӣ, 5351 тонна картошка, 2787 тонна ангур ва 2136 тонна маҳсулоти полезӣ содирот гардидааст.

Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Ин маҳсулот дар сардхонаҳои ҳудуди шаҳр захира карда мешаванд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий