< Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 23 сентябр дастаи мунтахаби мо бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор мешавад.

Пас аз ин дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад. 2 октябр шогирдони Игор Ангеловски бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.

Омодагии дастаи яккачини Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17 сентябр оғоз мешавад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий