Дар кинотеатри «Ватан» корҳои навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии техникӣ ба анҷом расид
Бинобар иттилои маркази матбуоти «Тоҷикфилм», бори аввал дар Тоҷикистон толори кино бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба истифода омода гардида, барои баргузории нахустнамоиши филмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, фестивалҳо, форумҳо ва рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ имконияти нав фароҳам шуд.
Гуфта мешавад, ки Лоиҳаи модернизатсияи кинотеатри «Ватан» дар асоси Созишномаи № 67 аз 10 ноябри соли 2025 миёни Фонди кинои Русия ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» амалӣ гардидааст.
«Толори нав бо проектори лазерии рақамии BARCO SP2K-11S ва сервери Alchemy ICMP-X муҷаҳҳаз гардида, стандарти байналилалии намоиши филмҳо — DCP (Digital Cinema Package)-ро пурра дастгирӣ мекунад. Барои таъмини садои босифат ва фарогир низоми касбии Enpar Audio Dolby Digital 7.1 бо 23 баландгӯяк, аз ҷумла акустикаи атроф ва сабвуферҳо, насб шудааст», — навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки филмҳо дар экрани касбии калон бо андозаи 10,3 ба 5,7 метр намоиш дода мешаванд. Барои тамошобинон 250 курсии нави кинотеатри модели Xinxi-1 насб гардида, барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд ҷойҳои махсус пешбинӣ шудаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)