< Боздошти нафаре, ки 8 сол пеш “пушаймон шуда” ба ватан баргашта буд. Оятулло Гиляев ба қаллобӣ гумонбар аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти нафаре, ки 8 сол пеш “пушаймон шуда” ба ватан баргашта буд. Оятулло Гиляев ба қаллобӣ гумонбар аст

Боздошти нафаре, ки 8 сол пеш “пушаймон шуда” ба ватан баргашта буд. Оятулло Гиляев ба қаллобӣ гумонбар аст
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, Оятулло Гиляеви 38-сола, аъзои собиқи «Гурӯҳи-24»*, ки ҳашт сол пеш «бо эҳсоси пушаймонӣ» ба ватан баргашта, афв шуда буд, бо гумони «расондани 4 млн сомонӣ зарар ба шаҳрвандон» дастгир ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ин ниҳод дар гузорише, ки рӯзи 26-уми август нашр кард, гуфтааст, ки ӯ баъди афв шудан «роҳи мардумфиребиро пеша карда бо усули тафсири ояту ҳадис байни шаҳвандоне, ки нияти ҳаҷҷи умраро доштанд, мавъиза мекардааст».

Ба гуфтаи мақомот, Гиляев бо шариконаш худро намояндаи ширкате дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда, теъдоди зиёди шаҳрвандонро, ки нияти зиёрати Каъбаро доштанд, фиреб кардаанд.

Худи гумонбар дар гузориши ВКД гуфтааст, ки аз шахсоне, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, қарздор шудааст ва пуле, ки шаҳвандон барои зиёрати Қаъба мепардохтанд, барои додани қарзҳояш сарф кардааст. Таҳати чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.
                                    "                                          
 «Тафтишот маълум кард, ки Оятулло Гиляев дар 931 лаҳзаи ҷинояти қаллобӣ даст дошта ба шаҳрвандон наздики 4 млн сомонӣ зарари махсусан калони молӣ расонидааст»,-зикр мешавад дар гузориши ВКД.

                                          Назари Гиляев ба ин иттиҳом дастрас нест.

Ин ниҳод гуфтааст, ки Оятулло Гиляев дар Арабистони Саудӣ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. 
Мақомот алайҳи Гиляев бо гумони қаллобии махсусан калоy (моддаи 247, қисми 4-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, аз шаҳвандон даъват кардаанд, ки агар аз сӯйи ӯ мавриди фиреб қарор гирифтаанд, ба ВКД муроҷиат кунанд. Ин иттиҳом ба гумонбар аз ҷарима то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Оятулло Гиляев соли 2018 бо чанд аъзои дигари «Гурӯҳи 24» ба Тоҷикистон баргашт ва ба гуфтаи мақомот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардид. Мақомот он вақт гафта буданд, ки номбурда «бар зидди ҷомеаи осоишта ва ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти тарғибгароёна мебурд».

* Бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияти ин гурӯҳ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ аст.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий