< Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид

Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, конференсия бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзонафарзанди тоҷик- Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар илми тиб доир шуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик бузургтарин неъмати таърихӣ ва муқаддастарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати он пояҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардида, барои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Дар идома олимону муҳаққиқон оид ба нақш ва хизматҳои бузурги Абуалӣ ибни Сино сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки Абуалӣ ибни Сино ба тибби тоҷик на танҳо дониш, балки усули табобат низ додааст. Сино илми парокандаро ба системаи ягона табдил дода, илми тибби тоҷикро ба олами Ғарб муаррифӣ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз дар таблиғу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши муаасир дошта, онро дар меҳвари фаъолият қарор додааст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий