Модари Искандар Шафеиён бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст
Парвандаи пурсурусадои Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Шафеиён (Маликӣ), собиқ корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳамроҳи зану фарзанди хурдсолаш ба таври мармуз ҷон бохта буданд, бар асоси қонуни афв қатъ карда шуда, худи зан аз ҷавобгарӣ озод шудааст.
Дар ин бора Муаттара Абдуллозода, иҷрокунандаи раиси Додгоҳи шаҳри Исфара рӯзи 11-уми август дар нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки парвандаи аз сӯйи ин додгоҳ рӯзи 16-уми июл қатъ шуд.
"
Абдуллозода, ҳамчунин, афзуд, ки аз ҷониби шахсони ҷабрдида, ки модарарӯси Шафеиён буд, ба ин санади додгоҳӣ шикоят ворид шудааст.
Ҳодисаи заҳролудшавии Искандар Шафеиён ва хонаводааш шаби 7 ба 8-уми декабри соли гузашта рух дода, дар натиҷа ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш — Муаттарахон Муҳаммадиева ва духтари 4-солааш — Сумаяхон Искандарзода ҷон бохт.
Он замон як манбаъи аз ҳодиса огоҳ гуфта буд, «баъди хӯроки шом вазъи ҳамаи аъзои оила бад шуд». Дертар гуфтанд, ки онҳо аз газри карбон заҳролуд шудаанд. Вале натиҷаи расмии ташхис то ба ҳол эълон нашудааст.
Дар пайи ин ҳодиса Додситонии Исфара рӯзи 23-уми январ алайҳи Ҳикмат Шодиева, модари марҳум Искандар Шафеиён бо гумони «дар хатар мондан"-и ҳаёти наздиконаш бар асоси моддаи 127 қисми 3 банди «а» КҶ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Гуфта мешуд, ки ӯ гӯё баъди ҳодиса Ёрии таъҷилиро даъват накардааст.
Баъдан, Радиои Озодӣ навишта буд, ки Додситонии шаҳри Исфара ба Шодиева 6,5 соли зиндон талаб кардааст. Модари Шафеиён ба ин расона гуфта буд, ки ӯро «тӯҳмат карда истодаанд».
Номи Искандар Шафеиён замоне расонаӣ шуд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Баъдан алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз ва ӯро ҷаримаву аз вазифа озод карданд. Вақтҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.
Сарчашма: asiaplus.news

»Маҳкумшуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст. Лекин санади додгоҳӣ (судӣ) эътибори қонунӣ пайдо накардааст», — афзуд ӯ.

Комментарии (0)