Имомони расмӣ ба ҷои “муллоҳои ғайрирасмӣ”. Кумитаи дин ба ходимони динӣ иҷозат додааст, ки дуохонӣ кунанд
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар пайи «шикор"-и соҳирону ҷодугарон, тартиби наве қабул кардааст, ки минбаъд танҳо ходимони дин иҷозаи гузаронидани маросими дуохониро доранд. Дар ин бора аз ин Кумита ба «Азия-Плюс» хабар доданд.
Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар робита ба иҷозаи дуохонӣ ба ходимони дин санад дахлдор аз сӯи раиси Кумитаи дин аз 3-юми июни соли равон ба имзо расида, дар асоси он тартиби гузаронидани маросими дуохонӣ муайян гардид.
Киҳо метавонанд дуохонӣ кунанд?Тибқи тартиби нав, маросими динии дуохонӣ танҳо аз ҷониби шахсони зерин гузаронида мешавад:
"
Акси марбут аз Википедия
Чӣ манъ аст?
Ба гуфтаи Кумитаи дин, ходимони дин ҳақ надоранд, ки маросими дуохонии занону кӯдаконро бидуни иштироки шахсони маҳрами онҳо анҷом диҳанд. Инчунин, тартиби нав якчанд амалро ба таври қатъӣ манъ мекунад:
— истифода аз хидматрасониҳои дорои хусусияти сеҳру ҷоду ва фолбинӣ;
— содир кардани ҳаракатҳои бадахлоқона;
— ба навор гирифтани маросими дуохонӣ ва паҳн кардани он тавассути расонаҳо ё Интернет;
— гузаронидани маъракаҳои оммавии дуохонӣ.
Аз Кумитаи дин гуфтанд, барои анҷом додани чунин фаъолият ходимони дин метавонанд аз мақоми ваколатдор, яъне Кумитаи дин маълумотномаи дахлдор гиранд.
Чаро чунин тасмим гирифта шуд?Ба гуфтаи Кумитаи дин, сабаби асосии қабули тартиби нав, он аст, ки як қисми мардум барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динии худ ба соҳирону фолбинон рӯй меоранд, на ба рӯҳониёни расмӣ.
Аз ин ниҳод мегӯянд, ки агар ин имкон расман фароҳам наояд, шаҳрвандон барои дуохонӣ ба ҳар гуна «муллоҳои ғайрирасмӣ» муроҷиат мекунанд. Чунин ҳолат назорати равандро мушкил гардонида, имконияти содир гардидани қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла соҳириву ҷодугарӣ ва ё дигар кирдорҳои ғайриахлоқиро бештар мекунад.
"
Кумита таъкид дорад, ки дуохонии расмӣ бо назорати рӯҳонии ваколатдор ҳеҷ гоҳ ба сеҳру ҷоду ё фолбинӣ баробар нест, баръакс, ин роҳест барои дур нигоҳ доштани мардум аз чунин амалҳо.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки то имрӯз маросими дуохонӣ аз сӯи рӯҳониён ва ходимони динӣ дар сатҳи қонунгузорӣ танзим нашуда буд, аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтанд, ки онро дар як санади зерқонунӣ ба тартиб дароранд.

Муштариёни фолбинҳо. Акс аз Радиои Озодӣ
Ин тасмим дар пайи чӣ гирифта шуд?Чанд сол боз мақомоти интизомиву қудратии кишвар соҳирону ҷодугаронро боздошту ҷарима мекунанд ва вақтҳои охир нафароне, ки ба назди онҳо мераванд, низ қонунан ҷазо мегиранд.
Тибқи иттилои ВКД, то аввали соли 2026 беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару «муллоҳои ғайрирасмӣ» рӯйхат шудаанд.
Ҳамзамон, баъди дар кишвар шадид шудани муҷозот барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар, баъзе сокинони Тоҷикистон ба суроғи «хадамот"-и фолбинони кишварҳои ҳамсоя рафтанд.
Мувофиқи тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон соли 2024 ворид шуд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷарима то 4500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор дар давоми як сол, парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад, ки ҷазояш то ду соли зиндон аст.
Сарчашма: asiaplus.news
Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар робита ба иҷозаи дуохонӣ ба ходимони дин санад дахлдор аз сӯи раиси Кумитаи дин аз 3-юми июни соли равон ба имзо расида, дар асоси он тартиби гузаронидани маросими дуохонӣ муайян гардид.
Киҳо метавонанд дуохонӣ кунанд?Тибқи тартиби нав, маросими динии дуохонӣ танҳо аз ҷониби шахсони зерин гузаронида мешавад:
- узви Шурои уламо;
- сархатибҳо (хатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ);
- имомхатибҳо (хатибони масҷидҳои ҷомеъ);
- имомҳои масҷидҳои панҷвақта;
- муовинони имомхатибон ва имомон;
- муаззинҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияи динии дахлдор барои анҷоми ибодату маросими динӣ ваколатдор шудаанд.
"
«Дар баробари ин, онҳо уҳдадоранд маросими дуохониро бо риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронанд, бо тартиби мазкур шинос шаванд, барои табобати тиббии шаҳрвандон монеа нашаванд ва расму оинро танҳо дар доираи қонунгузории Тоҷикистон анҷом диҳанд», — омадааст дар мактуби Кумитаи дин.

Чӣ манъ аст?
Ба гуфтаи Кумитаи дин, ходимони дин ҳақ надоранд, ки маросими дуохонии занону кӯдаконро бидуни иштироки шахсони маҳрами онҳо анҷом диҳанд. Инчунин, тартиби нав якчанд амалро ба таври қатъӣ манъ мекунад:
— истифода аз хидматрасониҳои дорои хусусияти сеҳру ҷоду ва фолбинӣ;
— содир кардани ҳаракатҳои бадахлоқона;
— ба навор гирифтани маросими дуохонӣ ва паҳн кардани он тавассути расонаҳо ё Интернет;
— гузаронидани маъракаҳои оммавии дуохонӣ.
Аз Кумитаи дин гуфтанд, барои анҷом додани чунин фаъолият ходимони дин метавонанд аз мақоми ваколатдор, яъне Кумитаи дин маълумотномаи дахлдор гиранд.
Чаро чунин тасмим гирифта шуд?Ба гуфтаи Кумитаи дин, сабаби асосии қабули тартиби нав, он аст, ки як қисми мардум барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динии худ ба соҳирону фолбинон рӯй меоранд, на ба рӯҳониёни расмӣ.
Аз ин ниҳод мегӯянд, ки агар ин имкон расман фароҳам наояд, шаҳрвандон барои дуохонӣ ба ҳар гуна «муллоҳои ғайрирасмӣ» муроҷиат мекунанд. Чунин ҳолат назорати равандро мушкил гардонида, имконияти содир гардидани қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла соҳириву ҷодугарӣ ва ё дигар кирдорҳои ғайриахлоқиро бештар мекунад.
"
«Аз ин рӯ, Кумита тартиби мазкурро ба тасвиб расонидааст, то мардум эҳтиёҷоти динии худро тавассути роҳи шаръӣ ва аз ҷониби рӯҳониёни ваколатдор бароварда кунанд, на аз ҳисоби фиребгарону соҳирон. Бо ин роҳ, ҳам боварҳои динии мардум эҳтиром гузошта мешавад ва латма намехӯрад, ҳам роҳ ба сӯи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ баста мешавад», — навишта шудааст дар мактуб.
Кумита таъкид дорад, ки дуохонии расмӣ бо назорати рӯҳонии ваколатдор ҳеҷ гоҳ ба сеҳру ҷоду ё фолбинӣ баробар нест, баръакс, ин роҳест барои дур нигоҳ доштани мардум аз чунин амалҳо.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки то имрӯз маросими дуохонӣ аз сӯи рӯҳониён ва ходимони динӣ дар сатҳи қонунгузорӣ танзим нашуда буд, аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтанд, ки онро дар як санади зерқонунӣ ба тартиб дароранд.

Ин тасмим дар пайи чӣ гирифта шуд?Чанд сол боз мақомоти интизомиву қудратии кишвар соҳирону ҷодугаронро боздошту ҷарима мекунанд ва вақтҳои охир нафароне, ки ба назди онҳо мераванд, низ қонунан ҷазо мегиранд.
Тибқи иттилои ВКД, то аввали соли 2026 беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару «муллоҳои ғайрирасмӣ» рӯйхат шудаанд.
Ҳамзамон, баъди дар кишвар шадид шудани муҷозот барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар, баъзе сокинони Тоҷикистон ба суроғи «хадамот"-и фолбинони кишварҳои ҳамсоя рафтанд.
Мувофиқи тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон соли 2024 ворид шуд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷарима то 4500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор дар давоми як сол, парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад, ки ҷазояш то ду соли зиндон аст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)