Дар шаҳри Бӯстон Озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист ба истифода дода шуд
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, озмоишгоҳ бо маҷмуи дастгоҳҳои муосири ташхисӣ, таҳлилӣ ва ченкунӣ таъмин буда, имконият фароҳам меорад, ки сатҳи радиатсионӣ, вазъи экологӣ ва сифати объектҳои муҳити зист бо дақиқии баланд муайян карда шавад.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ иброз гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронидани мониторинги радиатсионии муҳити зист дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, таҳлили радионуклидии намунаҳои об, хок, ҳаво, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар мавод, арзёбии вазъи радиоэкологӣ дар атрофи маҳфузгоҳҳои урандор, аз ҷумла дар шаҳрҳои Истиқлол, Адрасмон ва дигар минтақаҳо, таҳияи маълумот ва харитаҳои радиоэкологӣ бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Татбиқи ин самтҳо барои таҳкими низоми миллии мониторинги радиатсионӣ, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи аҳолӣ аз таъсири омилҳои зараровари радиатсионӣ ва омода намудани тавсияҳои илмӣ барои қабули қарорҳои муҳими давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари ин, озмоишгоҳ ҳамчун пойгоҳи муосири илмӣ барои татбиқи лоиҳаҳои миллию байналмилалӣ, рушди ҳамкории илмӣ бо марказҳои бонуфузи таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ дар самти радиоэкология ва амнияти радиатсионӣ хизмат хоҳад намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни шиносоӣ бо имконияти техникию илмии озмоишгоҳ ба масъулини филиал барои истифодаи самараноки таҷҳизоти нав, риояи стандартҳои байналмилалии таҳқиқоти илмӣ, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал дастур дод.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)