< Қазияи задани тифл дар кӯдакистон. Алайҳи мураббӣ парванди ҷиноӣ боз ва мудири кӯдакистон аз кор озод шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қазияи задани тифл дар кӯдакистон. Алайҳи мураббӣ парванди ҷиноӣ боз ва мудири кӯдакистон аз кор озод шудааст

Қазияи задани тифл дар кӯдакистон. Алайҳи мураббӣ парванди ҷиноӣ боз ва мудири кӯдакистон аз кор озод шудааст
Додситонии шаҳри Душанбе, алайҳи Адиба Ашурова, ёрдамчии мураббии кӯдакистони № 12 дар пойтахт дар пайванд ба озори тифли хурдсол парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мудири кӯдакистон низ дар пайи ин қазия «барои назорат накардан» аз кор ронда шудааст.

Дар ин хусус Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар, дирӯз, 10-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Навори озори кӯдак аз сӯйи мураббӣ дар кӯдакистон моҳи май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Муовини вазир гуфт, мураббии кӯдакистон дар рухсатӣ будаву ёвараш вазифаи ӯро иҷро мекардааст.

«Дар ҳақиқат, латукӯб буд, як ҳолат набуд, чандин мавридҳо буд, ки наворҳоро гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми кишвар рафта, диданд. Нисбати он мураббие, ки ба чунин рафтори дағалонаву латукӯби кӯдакон даст задааст, парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Айни ҳол тафтиши парванда рафта истодааст. Ва роҳбари муассисаро барои назорати ҷиддӣ накардан, аз кор озод намуданд», — гуфт Каримзода.

Равшан Каримзода Акс аз asia+

Нисбати мураббӣ бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ бо иттиҳоми «иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ», парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ то 78 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 200 то 240 соат ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлат аз як то ду солро пешбинӣ мекунад.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мураббӣ он замон ва ҳоло низ бенатиҷа анҷомид. Мавқеи волидайни кӯдак низ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Муовини вазири маориф илова кард, ки муносибати дағал ва истифода аз шиканҷа дар кӯдакистонҳои кишвар зери назорати вазорат қарор дошта, шахсоне, ки бо чунин мушкилӣ дучор омадаанд, метавонанд тариқи рақамҳои боварии +992-227-76-86 ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, ки навори шаппотӣ задани як кӯдак аз сӯйи мураббие дар кӯдакистон таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард ва маҳкум шуд.Додситонии пойтахт дар хабарномае гуфт, ки ҳодиса рӯзи 7-уми май дар кӯдакистони № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух дода, «нисбати мураббӣ ва дигар шахсони масъули муассисаи томактабӣ санҷиш оғоз гардидааст».

Пештар Ҷамшед Маҷидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» гуфта буд, «мураббие, ки дар навор кӯдаки хурдсолро шаппотӣ мезад, Адиба Ашурова ном дошта, аз моҳи октябри соли 2025 то инҷониб дар ин кӯдакистон кор мекард». Ӯ гуфт буд, ки ин мураббӣ «баъди ин қазия аз вазифа озод шуд».

Фарзона Дамонзода, мудири ҳамакнун кӯдакистони № 12 он замон нахост қазияро шарҳ диҳад ва гуфта буд, ҳодисаро «аз муаллимае, ки ҳамин ҳолатро кардааст, пурсед».
Дар хусуси ин қазия бештар дар ин пайванд маълумот гиред.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий