< Имтиҳонсупорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо аввали моҳи июл оғоз мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имтиҳонсупорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо аввали моҳи июл оғоз мешавад

Имтиҳонсупорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо аввали моҳи июл оғоз мешавад
Давраи асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо аз 1 то 10-уми июл баргузор мешаванд. Дар ин рӯзҳо хатмкунандҳои синфи 11 ва 9, ки худро дар марҳилаи асосии сабтином дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) номнавис кардаанд, имтиҳон месупоранд.

Дар ин бора аз ММТ ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, ки дар 55 маркази имтиҳонӣ, ки дар мактабҳои 21 шаҳру ноҳияи кишвар ташкил шудаанд, сурат мегирад.
                                    "                                          
»Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мешавад», — гуфтанд аз ММТ.
                                         
Манбаъ навиштааст, довталабон бояд дар рӯзи муайяншуда 1,5 соат пеш аз оғози имтиҳон ба макони имтиҳонсупорӣ ҳозир шаванд ва бо худ даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ва ду ручкаи одии сиёҳ дошта бошанд.
Замону макони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватнома ва ҳуҷраи инфиродии довталаб дар сомонаи ММТ зикр карда мешавад.
Нуқтаҳои имтиҳонсупории ҳар шаҳру навоҳии кишварро дар ин пайванд ошно шавед.

Соли гузашта натиҷаҳои ниҳоии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои 11 рӯз пас аз супоридани имтиҳон, охири моҳи июл эълон шуда буд. Эҳтимол имсол ҳам ҳамин вақт эълон гардад.

Натиҷаи имтиҳонҳо тариқи СМС-паёмак ба рақаме, ки довталаб ҳангоми бақайдгирӣ ишора карда буд, фиристода мешавад. Ҳамчунин, довталаб метавонад шахсан аз натиҷаҳои имтиҳон дар ҳуҷраи инфиродии худ дар сомонаи ММТ огоҳ шаванд.

Акси марбут аз АМИТ «Ховар»
                                                                   
 Ҳоло дар кишвар даври дуюми сабтиноми довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо идома дорад ва он то 30-юми июн давом мекунад. Дар ин давра онҳое, ки дар даври авал имкони сабтином надоштанд, метавонанд худро ба қайд гиранд. Ҳамчунин, онҳое, ки мехоҳанд, ихтисосҳои интихобкардаашонро иваз кунанд, фурсати ивазкунӣ доранд.  
                                                            
Қаблан, дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ беш аз 119 ҳазор довталаб (116 ҳазору 569 хатмкунандаи синфи 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ ва 2 ҳазору 606 хатмкунандаи синфи 9) сабтином карда буданд.

Ба иттилои ММТ, нақшаи қабул барои соли таҳсили 2026-2027-ум дар умум 121 ҳазору 398 ҷо аст.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД моҳи сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Дар ин давра довталабоне, ки дар даври дуюм худро номнавис мекунанд, имкон доранд бо пардохти 30 сомонӣ интихобҳои худро иваз кунанд.  Дар давраи чоруми бақайдгирӣ, ки охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр идома меёбад маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий