< Кор, пул ва бозгашти ҳатмӣ ба ватан. Шакли нави муҳоҷират ба Русия чӣ гуна аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кор, пул ва бозгашти ҳатмӣ ба ватан. Шакли нави муҳоҷират ба Русия чӣ гуна аст?

Кор, пул ва бозгашти ҳатмӣ ба ватан. Шакли нави муҳоҷират ба Русия чӣ гуна аст?
Русия муносибати худро ба муҳоҷирати меҳнатӣ тағйир медиҳад. Дар изҳороти расмӣ ҳарчи бештар шакли «муҳоҷират бо шарти бозгаҳти ҳатмӣ ба ватан» садо медиҳад, яъне вақте ки коргари хориҷӣ барои муҳлати муайян омада, тибқи шартнома кор мекунаду маош мегирад ва боз ба ватан бармегардад.

Биёед рӯшанӣ андозем, ки ин чист ва чӣ гуна қоидаҳои нав аллакай зиндагии муҳоҷирони моро тағйир медиҳанд.
Муҳоҷират бо шарти баргаштан чист?Дар бораи гузариш ба чунин шакл моҳи сентябри соли 2025 вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи ӯ, Русия бо сабаби норасоии кадрҳо, ба ҷалби кормандони хориҷӣ идома медиҳад, аммо дар дурнамои дарозмуддат ният надорад пурра ба ҷалби оммавии муҳоҷирон такя кунад.
                                                                   
 Моҳияти муҳоҷират бо шарти баргаштан дар он ифода меёбад, ки муҳоҷир ба кишвар на барои истиқомати доимӣ, балки барои кор ба муҳлати маҳдуд меояд. Пас аз анҷоми шартнома ӯ бояд ба хона баргардад. Чунин шакл шуғли муваққатиро бидуни ҳамгироии дарозмуддат ва бидуни кӯчонидани оила дар назар дорад. Он аз таҷрибаи пешина, ки бисёре аз муҳоҷирон солҳо дар Русия зиндагиву кор карда, оилаҳои худро меоварданду фарзандонашонро ба мактабҳо ҷойгир мекарданд, патенту иҷозатномаи иқомат ё шаҳрвандӣ мегирифтанд, фарқ мекунад.        
                                                      
Дар шакли нав ба муҳлати будубош, анҷоми расмиёти ҳуҷҷат, назорат ва бозгашт пас аз анҷоми кор таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар самти меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва умури собиқадорон Ярослав Нилов низ қаблан дар бораи зарурати ҷалби кормандони хориҷӣ «бо дархост», яъне барои корхона, соҳа ва минтақаҳои мушаххас, изҳори назар карда буд.
Ба ақидаи ӯ, барои ин назорати шадидтар лозим аст: тасдиқи зарурати ҷалби коргарон, раводиди корӣ, гарон кардани арзиши патент ва маҳдудияти минтақавӣ.

Рӯзи 21 июн аввалин қаторае, ки солҳои тӯлонӣ ҳаракаташ мутаваққиф шуда буд, ба Маскав раҳсипор мешавад. Акс аз asia+


Барои муҳоҷирони тоҷик чӣ тағйир меёбад?Дар чунин ҳолат коргар бояд на танҳо «барои пулкоркунӣ», балки ба ҷойи кори мушаххас бо ҳуҷҷатҳо ва тавассути воситаҳои расмӣ сафар кунад.

Дар ин замина аҳаммияти ҷалби муташаккилона меафзояд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорйев хабар дод, ки Маскав ва Душанбе якҷоя рӯйи ба низом даровардани муҳоҷират ва такмили низоми ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия кор мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2025 дар доираи ҷалби муташаккилона беш аз 31,1 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Русия фиристода шудааст, дар ҳоле ки соли 2024 танҳо ҳудуди 13,4 ҳазор нафар буд.

Григорйев ҳамчунин таъкид кард, ки ин ҷо сари эҷоди низоми бештар сохторманд ва назоратшавандаи бақайдгирии муҳоҷират сухан меравад, ки бояд «тарзҳои пинҳонӣ» ва ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро истисно кунад. Ӯ аз онҳое, ки нияти рафтан ба Русияро доранд, даъват кард, ки аз замимаи RuID, ки бо расмиёти нави рақамии вуруд алоқаманд аст, истифода баранд.

Ҳамчунин муҳлати мушаххас ва қатъии будубош, талаботи бештар ба ҳуҷҷатҳо, расмиёти тиббӣ, донистани забони русӣ ва шартномаи расмии меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Вайрон кардани қоидаҳо метавонад ба бекор шудани ҳуҷҷатҳо ва ворид кардани шахс ба Руйхати шахсони таҳти назорат боис шавад.
Чаро бисёре аз муҳоҷирон то ҳол мустақилона кор меҷӯяндСабабҳо гуногунанд. Қисме аз муҳоҷирон бовар надоранд, ки ҷойҳои корӣ тавассути ҷалби муташаккилона фоидаовартар хоҳанд буд. Ба гуфтаи онҳо, шароити пешниҳодшаванда метавонад рӯзи дарози корӣ — 10–12 соат, маоши на он қадар баланд ва набудани бастаи пурраи ҳифзи иҷтимоиро дар бар гирад.

Ғайр аз ин, ҳангоми ҷустуҷӯи мустақилона шахс барои иваз кардани корфармо, интихоби минтақа, мувофиқа дар бораи кори иловагӣ ё гузаштан ба ҷойе, ки бештар пардохт мекунанд, имкониятҳои бештар дорад. Дар низоми ҷалби муташаккилона коргар бештар ба корфармои мушаххас ва шартҳои қарордод вобаста мешавад.

Ҳамчунин қисме аз муҳоҷирон нисбат ба воситаҳои расмӣ, ба робитаҳои шахсӣ бештар эътимод доранд. Агар дар Русия аллакай хешовандон ё шиносҳо бошанд, онҳо барои пайдо кардани манзил, кор ва мутобиқ шудан дар маҳал кумак мекунанд.

Муҳоҷирони корӣ. Акс аз хабаргузории РИА Новости
Меъёрҳои дугуна нисбат ба муҳоҷирони корӣПрофессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмон Улмасов бар ин назар аст, ки шакли «омад, пул кор карду рафт» ба равише шабоҳат дорад, ки дар кишварҳои арабӣ истифода мешавад.
»Дар кишварҳои арабӣ низ онҳо ҳақ надоранд бо оилаву кӯдакон ва ғайра биёянд. Аммо агар, масалан, равиши Олмонро бигирем, ки зимнан, дар онҳо низ шумораи муҳоҷирон зиёд мешавад, онҳо, баръакс, мехоҳанд, ки муҳоҷирон бо оилаву кӯдакон биёянд», — таъкид мекунад коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои хориҷи дур аз равишҳои гуногун истифода мешавад.
                                    "                                          
»Меъёрҳои дугуна вуҷуд доранд: нисбат ба муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷи дур муносибат тамоман дигару равишҳо дигар аст, аммо нисбат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ аз муносибати дигар истифода мешавад. Ба назари ман, қонунгузорон бояд ба ин масъала баргарданд», — мегӯяд Улмасов.
                                         
Ӯ ҳамчунин ба вазъияти кӯдакони муҳоҷирон, ки онҳоро ба мактабҳои Русия қабул намекунанд, таваҷҷуҳ мекунад.
»Аз рӯи натиҷаҳои ин соли таҳсил дар мактабҳои Русия 500 ҳазор хонанда кам қабул шудааст. Ин ба он вобаста аст, ки бисёре аз кӯдакони муҳоҷиронро ба мактаб қабул накарданд. Ва ман инро тамоюли хуб намешуморам. Зеро кӯдакон бояд забони русиро омӯзанд? Вақте ӯ ба он ҷо омад, бояд дар ҷое таҳсил кунад. Агар ба мактаб қабул накунанд, пас ба куҷо равад? Ӯ дар кӯча мемонад», — Улмасов.
Муҳоҷиронро ба шароити нав омода мекунандДар Тоҷикистон миёни муҳоҷироне, ки бармегарданд ва онҳое, ки нияти сафар ба Русияро доранд, ба қавли мақомот, корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, чунин вохӯриҳоро, масалан, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, баргузор мекунад.

Суҳбат бо муҳоҷирон дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз Вазорати меҳнати ҶТ


Ини ниҳод мегӯяд, ба шаҳрвандон талаботи нави қонунгузории Русия, тартиби омода кардани ҳуҷҷатҳо, муҳлатҳои будубош, хатарҳои эҳтимолӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро шарҳ медиҳанд.

Ба ақидаи мутахассисони Хадамоти муҳоҷират, ҳангоми гузариши Русия ба шакли муҳоҷират бо шарти баргаштан барои шаҳрвандони Тоҷикистон махсусан муҳим аст, ки ҳуҷҷатҳоро пешакӣ расмӣ карда, аз қонунҳо огаҳ бошанд ва забони русиро омӯзанду корро танҳо тавассути воситаҳои қонунӣ ҷустуҷӯ кунанд ва ба миёнаравҳои ғайриқонунӣ муроҷиат накунанд.
Оё муҳоҷирон оҳиста-оҳиста бармегарданд?Ба ақидаи Раҳмон Улмасов, дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, дар Тоҷикистон аллакай раванди коҳиши муҳоҷират оғоз шудааст.
»Метавон Душанберо мисол овард: қисми назарраси корҳои сохтмонӣ дар пойтахтро собиқ муҳоҷирони корӣ анҷом медиҳанд», —  мегӯяд ӯ.
Коршинос вазъиятро дар Душанбе ва Тошканд муқоиса мекунад.
»Дар Тошканд сохтмончиёни зиёде аз Чин, Чехия, Туркия ва кишварҳои дигар ҳастанд. Аммо дар мо, тибқи арзёбиҳои ман, тақрибан 90% кормандони ин соҳа кадрҳои маҳаллӣ мебошанд», — мегӯяд Улмасов.
                                    "                                          
»Мо бояд муҳоҷират бо шарти баргаштанро ба нафъи иқтисоди худ истифода барем. Медонем, ки дар бисёре аз корхонаҳо нерӯи корӣ намерасад, зимнан на танҳо мутахассисони соҳибихтисос», — таъкид мекунад ӯ.
                                         
 Улмасов НБО-и Роғун ва корхонаи нассоҷиро дар Данғара мисол меорад.

»Масалан, НБО-и «Роғун», то ҷое ки ман огаҳам, тақрибан ба 3000 корманд ниёз дорад. Дар Данғара дар комбинати нассоҷӣ боз тақрибан 500 нафар лозим аст. Агар чунин ниёзҳоро аз рӯи соҳаҳои гуногун ҷамъбаст кунем, сухан дар бораи теъдоди назарраси ҷойҳои корӣ меравад», — мегӯяд коршинос.

Акси марбута аз торнамои octagon.media 


Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи ӯ, бо муҳоҷирони баргашта мебояд ба таври доимӣ кор кард.
                                    "                                          
»Бояд ба онҳо касбу ихтисосҳоеро омӯзонид, ки дар ҷумҳурӣ талабот доранд ва сипас ба ҷойҳои кории мувофиқ равон кард», — изҳор мекунад номбурда.
                                         
Маълумотномаи «Азия-Плюс». Мушаххасан маълум нест, чӣ қадар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин хусус маълумот намедиҳанд. Арзёбиҳои манбаъҳои гуногун ба таври назаррас фарқ доранд.

Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони кориро камтар аз 500 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд. Дар нишасти матбуотии ин ниҳод зимни ҷамъбасти соли 2025 хабар дода шуд, ки 35 747 шаҳрванди кишвар дар доираи ҷалби муташаккилона фиристода шуда, зиёда аз 12 ҳазор кас тариқи намояндагӣ дар Русия бо кор таъмин шудаанд. Теъдоди муроҷиатҳо 59 730 ададро ташкил додаааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия, ки нашрияи «Ведомости» ба он истинод овардааст, соли 2025 1,44 млн шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омадаанд, ки мақсади 950 ҳазор нафари онҳо кор зикр шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон бо рақамҳое, ки мақомоти Русия ироа мекунад, розӣ нестанд ва таъкид мекунанд, ки тафовути зиёд миёни омори онҳо ва ҳамтоёни русашон дар шеваи ҳисоби муҳоҷирон аст. Коршиносон низ ба ин нукта таъкид мекунанд ва мегӯянд, Русия ҳамаи онҳоеро, ки ба қаламраваш ворид мешавад ва ё солҳо онҷо зиста, шаҳрвандиашро низ дарёфт кардааст, ба ҳайси муҳоҷири корӣ сабт ва муаррифӣ мекунад. Ба қавли онҳо, дар асл, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия атрофи 500 ҳазор аст. 


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий