Панҷ соли зиндони як ҷавон барои корд задани шаҳрванди Афғонистон дар шаҳри Ваҳдат
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як ҷавонро барои корд задани як афғонистонӣ ва бо ҷурми «қасдан расонидани зарар ба саломатӣ» гунаҳкор ва ба 5 сол ба зиндон маҳкум кардааст.
Ин ҳукм кай содир шудааст, маълум нест, вале дар ҳукми додгоҳи шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 23-юми июн дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, аз маҳкумшуда, А ном бурда, гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 9-уми феврал дар кӯчаи Ватани ин шаҳр, Б, шаҳрванди Афғонистонро «бинобар дуруст посух надодан ба саломи ӯ бо корди хоҷагирдорӣ, ба қисми чапи шикамаш як бор зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст».
Ба қавли манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ҷарбрдида ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Додгоҳ гуфтааст, ки маҳкумшуда кордро дар як нуқтаи тезтайёр дар кӯчаи Хуросон мондааст. Пулис маҳкумшударо бо кумаки падараш 10-уми феврали соли равон дар хонааш боздошт кардаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки муҷозотшуда дар мурофиа худро гунаҳгор ҳисобида, изҳори пушаймонӣ карда, аз додрас хоҳиш кардааст, ки «ҷавониашро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад». Ба қавли додгоҳ, ҷабрдида низ аз додрас хоҳиш кардааст, ки нисбати ин ҷавон ҷазои сабуктар таъин кунад.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.
Додрас эътироф ва ҷавон будани гумонбарро ба инобат гирифта, ӯро бар асоси моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) муҷрим шинохта, ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Назари маҳкумшуда ва ҷабрдида дар робита ба ин қазия ва ҳукми додгоҳ дастрас нест.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ҳамчун паноҳанда ва ё гуреза иқомат мекунанд, ки аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир боздошту ихроҷи афғонистониҳо аз Тоҷикистон ба кишвари худ нигарании худи онҳо ва созмонҳои байналмиалалро ба миён овардааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)