Чор ҳадафи асосӣ муайян шуд. Тоҷикистон ба амнияти комили озуқаворӣ чӣ гуна мехоҳад расад?
Тоҷикистон худро бо маҳсулоти асосӣ тақрибан 85% таъмин мекунад. Лекин дар мавриди воридоти маҳсулоти ҷудогона, вобастагии бахши кишоварзӣ ба об, ҳолати обёрӣ, рушди чорводорӣ ва хавфҳои иқлим саволҳо ба миён меоянд.
Амнияти озуқаворӣ на танҳо ҳосили фаровон аст, балки дар дастрасии аҳолӣ ба маҳсулот, сифати хуби ғизо, устувории интиқол ва аз бозори хориҷӣ кам вобаста будани кишвар ҳам ҳаст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2025 рушди бахши кишоварзӣ идома ёфта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳудуди 84,7 млрд сомонӣ ва афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ — 9,5%-ро ташкил дод. Ҳамҷи умумии маҳсулоти растанипарварӣ ба 56,5 млрд сомонӣ ва чорводорӣ — ба ҳудуди 28 млрд сомонӣ расид.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2025 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,7 млн тонна зироати ғалладона, аз ҷумла беш аз 800 ҳазор тонна гандум, зиёда аз 1,3 млн тонна картошка, ҳудуди 3,4 млн тонна сабзавот, зиёда аз 1,2 млн тонна маҳсулоти полезӣ, беш аз 950 ҳазор тонна мева, аз ҷумла беш аз 346 ҳазор тонна ангур ва зиёда аз 2 млн тонна хӯроки чорво истеҳсол шудааст.

Деҳқонон дар саҳро. Акс аз asia+
Бино ба маълумоти Барномаи амнияти озуқавории Тоҷикистон барои солҳи 2026-2030, амнияти озуқавории кишвар на танҳо ба истеҳсолот, балки дастрасии аҳолӣ ба маҳсулот, истифодаи оқилонаи захираҳо ва устувории интиқол (таъминот) низ вобаста аст.
Ба иттилои Созмони кишоварзӣ ва озуқвавори (СКО)-и СММ ё худ GIEWS доир ба Тоҷикистон, воридот зиёда аз нисфи истеъмоли дохилии зироати ғалладонаро пӯшонида, гандум беш аз 90%-и воридоти ин зироатро ташкил медиҳад. СКО ҳамчунин талаботи Тоҷикистонро ба воридоти гандум дар сатҳи 1,2 млн тонна дар солҳои 2024/25 арзёбӣ кардааст.
Тибқи арзёбии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, амнияти озуқавории Тоҷикистон ба «хавфҳои тағйири нархҳо хеле ҳассос аст». Барнома ҳамчунин зикр мекунад, ки норасоии ғизо роиҷ буда, маҳсулнокии бахши кишоварзӣ паст аст, зеро қисмати назарраси истеҳсолот ба хоҷагиҳои начандон бузурги оилавӣ рост меояд.
Бино ба маълумоти гузориши минтақавии СКО оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2034, касри савдои Осиёи Марказӣ аз рӯи маҳсулоти кишоварзии хӯрокворӣ то соли 2034 метавонад қариб се барбар зиёд шавад. Ин созмон пешгӯӣ мекунад, ки воридот дар минтақа ҳар сол қариб 3% афзоиш ёфта, содирот — ҳудуди 1% коҳиш меёбад. Барои Тоҷикистон ин як ҳушдори муҳимест: ҳатто дар ҳолати афзоиши дохилӣ, вобастагӣ ба интиқол аз хориҷа, бахусус гандум, чун хавф боқӣ мемонад.
Чӣ гуна Тоҷикистон мехоҳад, ки ба амнияти комили озуқаворӣ расад?Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баҳри бештар кардани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулот, истифодаи оқилонаи захираҳои ғизоӣ ва беҳтар кардани таъминот таҳия шудааст.
Ҳадафи аслии Барномаи таъмини комили амнияти озуқавории аҳолии кишвар дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва дар сатҳи хонаводаҳо аст.
Дар Барнома чор вазифаи асосӣ ҷудо карда шудааст.
Якум, мавҷуд будани маҳсулоти хӯрокворӣ. Ин маънои зиёдтар истеҳсол кардан, беҳтар захираву нигаҳдорӣ кардан ва истифодаи пурсамари захираҳоро дорад.

Фурӯши маҳсулоти ватании конфервшуда. Акс аз asia+
Дуюм, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба ғизо мебошад. Маҳсулот бояд на танҳо дар бозор, балки аз лиҳози нарх низ ба одамон дастрас бошад.
Сеюм, беҳтар кардани истифодаи маҳсулоти хӯрокворӣ аст. Ин ҷо сари бехатарӣ ва истеъмоли ғизои комил, солимӣ, беҳдошт ва маърифатнок кардани аҳолӣ сухан меравад.
Чорум, баланд бардоштани устувории интиқол (таъминот) мебошад. Ин ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, болоравии нарх ва дигар чолишҳо рабт дорад.
Барнома ба ду самт такя мекунад. Якум — идоракунии беҳтари амнияти озуқаворӣ: арзёбӣ, ҷамъоварии маълумоти оморӣ, огоҳсозӣ аз хавфҳо ва навсозии қонунҳо.
Самти дуюм ҳалли мушкилоти амалӣ: беҳтар кардани беҳдошти замин ва обёрӣ, навсозии техника, рушди соҳаи чорводорӣ, тухмипарварӣ, коркард, логистика, ғизои солим ва тадбирҳо зидди хавфҳои иқлимӣ мебошад.
То соли 2030 бояд чиҳо тағйир ёбанд?Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2030 комилан амнияти озуқавориро таъмин кунад. Ин маънои онро дорад, ки кишвар бояд аҳолиро беҳтар бо маҳсулоти асосӣ таъмин кунад ва аз интиқол аз хориҷа камтар вобаста бошад.
Бо ин мақсад ҳукумат тақвияти идоракунии амнияти озуқаворӣ: саҳеҳтар арзёбии хавфҳо, огаҳкунии пешакӣ аз буҳронҳои эҳтимолӣ ва таҳияи нақшаҳои тайёри вокунишро дар нақша дорад.

Дар назар аст, ки истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби барқарор кардани заминҳои кишоварзӣ, рушди обёрӣ, ҷорисозии фанновариҳои нав, дастгирии соҳаи тухмипарварӣ, чорводорӣ ва роҳу воситаҳои ҳалли рақамӣ дар бахши кишоварзӣ зиёд шавад.
Ҳамчунин, беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат вазифаи муҳим маҳсуб меёбад. Бояд ба гурӯҳҳои осебпазир, ғизои солим ва устувории бозорҳои хӯрокворӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба истилоҳи дигар, то соли 2030 Тоҷикистон бояд на танҳо зиёдтар истеҳсол кунад, балки беҳтар захираву нигаҳорӣ кунад, интиқол диҳад ва маҳсулот коркард кунад, талафотро коҳиш диҳад ва ҳарчи зудтар ба хавфҳои иқлимӣ, беруна ва болоравии нархҳо вокуниш нишон диҳад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)