< Ҷазо барои буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангал дар Тоҷикистон сахттар шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷазо барои буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангал дар Тоҷикистон сахттар шудааст

Ҷазо барои буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангал дар Тоҷикистон сахттар шудааст
Дар Тоҷикистон ҷазо барои буридани дарахту буттаҳо сахттар шуд. Акнун барои ин метавонад қариб то 94 ҳазор сомонӣ ҷарима кунанд. Тағйироти дахлдор ба Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 16 июн дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон маъқул донистааст.

Тағйирот ба қонун ба чанд қонуншиканӣ дахл дорад. Ҳамчунин, ҳаҷми ҷаримаҳо барои нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал, масалан, сӯзонидани ҷангал ё дигар зарар ба он зиёд шуд. Ғайр аз ин, ҷазо барои қонуншиканиҳо дар низоми ҳудуд ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда сахттар шуд.

Тибқи тағйирот акнун барои ғайриқонунӣ буридани барахтон ва буттаҳо (қисми якуми моддаи 234) ҷарима 54,6 ҳазор то 70,2 ҳазор сомонӣ (аз 700 то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) зиёд карда шуд. Қаблан, ҷазо барои ин кирдор аз 500 то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо буд.

Ҷарима барои қисми дуюми моддаи 234 боз баландтар шуд — аз 70,2 ҳазор то 93,6 ҳазор сомонӣ (аз 900 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб). Пештар он аз 700 то 1000 нишондиҳанда) буд.

Тағйирот ба моддаи 235 («Нобуд сохтан ё зарар расонидан ба ҷангал») низ дахл карданд. Тибқи он, ҳамаи се қисми ин модда ҷаримаҳо бозбинӣ шуданд: дар як ҳолат онҳо боло бурда шуда, дар ҳолати дигар ҳудуди ҷазо тағйир дода шудааст. Ҷаримаи нави аз ҳама баландтарин тибқи ин модда то 117 ҳазор сомонӣ ё 1500 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад.
Ба қонун ҳамчунин ҳаҷми зиён саҳеҳан илова шуд. Зиён дар ҳаҷми зиёда аз 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёни назаррас ва зиёда аз 200 нишондиҳанда — зиёни бузург шуморида мешавад.

Ҷазо барои қонуншиканиҳо дар низоми ҳудуд ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷудогона сахт шудааст. Мувофиқи моддаи 236, ҷарима аз 300-500 то 500-700 нишондиҳанда барои ҳитсобҳо боло бурда мешавад, ки дар ифодаи пулӣ аз 39 ҳазор то 54,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Сахттар шудани ҷазо расман ҳамчун зарурати пешгирии ғайриқонунӣ буридани дарахтон ва буттаҳо, зиён расонидан ба ҷангал ва қонуншиканиҳо дар низоми ҳудуд ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда шарҳ дода мешавад.

Буридани дарахтон дар Тоҷикистон чанд маротиба вокуниши ҷомеаро ба миён оварда буд. Масалан, чанде пеш вазъи буридани дарахтон дар минтақаи Кӯлоб, ки ба нобудии ҷангалзорҳо оварда мерасонад, нигаронии сокинон ва мутахассисонро ба миён оварда буд. Бино ба маълумоти Идораи ҷангали ин минтақа, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон 162 ҳолати ғайрмиқонунӣ буридани дарахтони ҷангал ошкор шуда, қонуншиканон ба маблағи 86,7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Боз як ҳодисаи пурсарусадо чанд сол пеш дар ноҳияи Айнӣ, каме дуртар аз Искандаркӯл рух дод. Фаъолони ҷомеа дар бораи буридани дарахтон дар дараи Арг хабар дода, Кумитаи ҳифзи муҳити зист баъдан қонуншикнаиро ҳангоми буридан бо мақсадҳои беҳдоштӣ тасдиқ карда буд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий