< Оқибати сел дар Панҷакент: 45 хонаи истиқоматӣ, пулҳо, роҳҳо ва чорвову мошинҳо зарар дидаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оқибати сел дар Панҷакент: 45 хонаи истиқоматӣ, пулҳо, роҳҳо ва чорвову мошинҳо зарар дидаанд

Оқибати сел дар Панҷакент: 45 хонаи истиқоматӣ, пулҳо, роҳҳо ва чорвову мошинҳо зарар дидаанд
​Манбаъ навиштааст, ки ба асари офати табиӣ 45 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон, хонаи фарҳанги деҳа лойоба ва қуму шағал даромада, дар маҷмуъ ба 123 гектар замини кишт, дар масофаи 1200 метр роҳҳои маҳаллӣ зарар дидаанд. Ҳамчунин, 3 пули байни деҳа, 2 пойгоҳи обкашӣ, 10 адад симчӯб ва дар масофаи 2 километр хатти барқ аз байн рафта, 15 сар чорвои калону майда ва 3 мошин нобуд шудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҳашарчиён аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Амодара 20 манзили истиқоматӣ аз лойоба тоза шуда, дар дигар хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозакунӣ идома доранд.

Зикр мегардад, ки дар ин муддат хатҳои барқи зарардида барқарор шуда, ҳоло деҳа бо барқ таъмин мебошад. Давоми ду рӯзи гузашта дар масофаи 120 метр сарбанди ҷӯйе, ки деҳаро бо оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин мекунад, тоза карда, ин кор ҳоло идома дорад.

Гуфта мешавад, ки баҳисобгирии амволи ба асари сел нобудшуда ва зарардидаи сокинон оғоз шудааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий