< Бо муш фол медид. Боздошту ҷаримаи фолбине дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо муш фол медид. Боздошту ҷаримаи фолбине дар Душанбе

Бо муш фол медид. Боздошту ҷаримаи фолбине дар Душанбе
​Мақомоти интизомии пойтахт занеро дастгир кард, ки бо муш фол дида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмии худ навишт, ки шаҳрванд Тоирова Пирӯза аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир гардид.

Манбаъ меафзояд, ки зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо истифода аз риштаҳои ранга, сӯзан ва ҳайвонот, аз ҷумла муш, амалҳои фолбинӣ ва соҳириро анҷом дода, ба ивази ин аз шаҳрвандон маблағҳои гуногуни пулӣ талаб мекард.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Тоирова Пирӯза тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6240 сомонӣ таъин карда шуд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий