Марги як кирокаши 31-сола дар пайи омадани сел дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар пайи боришоти шадиди борон дар рӯзи 19-уми июн дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, як марди 31-сола, ки ба кирокашӣ машғул буд, бо худ бурдааст. Ҷасади ӯро сокинон баъди ду рӯзи ҳодиса пайдо карда, субҳи имрӯз, 22-юми июн дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.
Дар ин бора Сангимад Камолзода, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар ноҳияи Рӯдакӣ ба «Азия-Плюс» хабар дода, аз ин мард Олим Чақалов ном бурд. Ӯ гуфт, марҳум се моҳ пеш аз Русия баргашта, мувақаттан ба кирокашӣ машғул буд.
Ба қавли манбаъ, тахминан соати 15:30–и рӯзи 19-уми июн дар пайи бориши шадиди борону жола аз қаторкуҳҳои ҷамоати деҳоти Лоҳур сел фаромада, мошини Чақаловро, ки худаш дар дохилаш буд, бо худ бурд.
"
«Мошинро худи ҳамон рӯз 100 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса ёфтем. Ҷасади ронандаро баъди ду рӯзи ҷустуҷӯ, тахминан соати 19-и рӯзи 21-уми июн сокинони маҳаллӣ аз ҳудуди деҳаи Чангоби ҷамоти деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо карданд», — гуфт Камолзода.
Манбаъ гуфт, ки ҷасади кирокашро шабона ба хонаводааш доданд ва субҳи имрӯз ҷанозааш баргузор ва ба хок супурда шуд. Аз ӯ се фарзанд ятим мондаанд
Бояд гуфт, ки ду моҳи охир дар Тоҷикистон шумори офатҳои табиӣ зиёд шуда, бар асари он талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар пайи боришоти борону омадани сел танҳо дар моҳи майи соли равон дастикам 6 кас ҷон бохта, чанд каси дигар маҷруҳ ва дар беморхона бистарӣ шуданд.
Ду рӯзи охир низ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва чанд минтақаи дигар вилояти Суғд бар асари омадани сел даҳҳо хонаҳои сокинон вайрон шуда, хисороти ҷиддӣ ворид шуд.
Аз ҷумла, тибқи ҳисоби пешакӣ, бар асари сели рӯзи 19-уми июн ба 29 хона ва иншооти ёрирсони деҳаи Роҷи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент лою қум ворид шуда, ба роҳ, хатти барқ ва оби полезиву ошомидани сокинони он зиёни ҷиддӣ расидааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)