Бунёди 4 корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон. То куҷо онҳо зарур ва фоидаоваранд?
Дар пасманзари камчинӣ ва болоравии нархи семент мақомоти Тоҷикистон ба сохтмони корхонаҳои нав такя мекунанд, ки метавонанд иқтидорҳои соҳаро беш аз ду баробар афзоиш диҳанд. Аммо саволи асосӣ ин аст, ки оё ин мушкили бозорро ҳал мекунад? То куҷо он ба муҳити зист ва солимии одамон безарар аст?
Тоҷикистон ният дорад, ки дар 2-3 соли наздик чор корхонаи нави истеҳсоли семент сохта ба истифода диҳад. Иқтидори умумии онҳо тавре ки интизорӣ меравад, ҳудуди 6 млн тонна дар як солро ташкил хоҳад дод. Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфт, ки ин корхонаҳо бо 4,4 млрд сомонӣ ва дар Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сохта мешаванд. Сармоягузорон низ пайдо шудаанд ва онҳо аз Тоҷикистон будаанд.
Мақомот умедворанд, ки корхонаҳои нав ба ду баробар афзоиши истеҳсол имкон дода, талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд ва нархро ба эътидол оварда, ҳудуди 5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меоранд.
Аз нигоҳи аввал, чунин тасмим мантиқист, зеро агар семент нарасад, бештар истеҳсол кардан лозим аст. Илова бар ин, семент яке аз масолеҳи калидӣ барои сохтмони манзилу роҳ, мактабу беморхона, иншооти саноатӣ ва дигар зерсохтор маҳсуб меёбад. Ҳама гуна нуқсон ё ноҷӯрӣ дар ин бозор хеле зуд дар арзиши сохтмон эҳсос шуда, дар ниҳояти кор ба ҳамёни шаҳрвандон таъсир мерасонад.
Лекин ин мантиқ заъиф низ дорад.
Тайи 10-15 соли ахир Тоҷикистон аз кишвари вобаста ба воридоти семент аллакай ба истеҳсолкунандаи бузург ва содиркунанда табдил ёфт. Агар соли 2029 дар кишвар ҳудуди 252 ҳазор тонна семент истеҳсол мешуд, як сол баъдтар аллакай қариб 384 ҳазор тонна ва имрӯз сари якчанд миллион тонна сухан мерасад. Иқтидор умумии соҳа дар ин давра то 5 млн тонна дар як сол расид.

Бо вуҷуди ин, баҳори соли 2026 бозор бо ҳолате рӯбарӯ шуд, ки бо чунин иқтидорҳо набояд чунин мешуд: семент дар бозорҳо камчин шуда, таъмин номунтазам шуд ва дар минтақаҳои ҷудогона нархи 1 халта семент то 80-90 сомонӣ боло рафт.
Камбуд бо иқтидорҳои барзиёдДар Душанбе тайи як ҳафта нархи як халта семент тақрибан 40-50% гарон шуд.
Дар вилояти Хатлон савдогарон аз ноҷуриҳо дар таъмин ва гароншавии нархи 1 халтаи маҳсулот аз истеҳсолкунандагони бузург то 75-80 сомонӣ хабар медоданд. Дар вилояти Суғд арзиши сементи истеҳсоли маҳаллӣ ва ватанӣ қариб баробар шуда, дар Хоруғ ба гуфтаи сокинон, аллакай ҳудуди як моҳ семент камчин аст.
"
Дар маҷлиси ҳукумат инчунин аз сарбории нокофии иқтидорҳои истеҳсолӣ, назорати суст аз болои бозор ва беасос боло бурдани нарх аз ҷониби миёнаравони алоҳида низ сухан рафт.

Акс аз asia+
Яъне буҳрони кунунӣ на танҳо ба теъдоди корхонаҳо вобаста аст. Агар корхонаҳо дар як вақт дар мавсими сохтмон таъмир шаванд, агар логистика бад кор кунад, агар қисмате аз маҳсулот содир шавад, агар нархи чакана аз нархи фурӯши корхона зиёд фарқ кунад, пас иқтидорҳои нав худ ба худ сементи дастрасро барои аҳолӣ кафолат намедиҳанд.
Ҷолиб аст, ки намояндагони корхонаҳо изҳор оштанд, ки онҳо нархи фуруӯшро ба таври назаррас боло набурдаанд. Масалан, Zhongtai Mohir Cement нархи 820-840 сомонӣ барои як тонна, яъне ҳудуди 41-42 сомонӣ барои як халта (50 кг), Huaxin Gayur Cement — 1020 сомонӣ барои минатқаи Бохтар ё 50 сомонӣ барои 1 халтаро зикр карданд, лекин миёни корхона ва харидори ниҳоӣ нарх дар баъзе ҳолатҳо даҳҳо баробар фарқият дошт.
Дар чунин вазъият сохтмони корхонаҳои нав метавонад ҳаҷми умумии истеҳсолро зиёд кунад, лекин ҳатман сабабҳои камбудро рафъ намесозад. Агар мушкил дар таъмири мавсимӣ, логистика, тақсимот, содирот ва занҷираи миёнаравҳо ҷой дошта бошад, пас на танҳо бо истеҳсоли бештари семент, балки идоракунии бозор ҳаллу фасл мебояд кард.
Чӣ гуна Тоҷикистон ба кишвари истеҳсолкунандаи семент табдил ёфтҲанӯз чанде пеш вазъи соҳаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон тамоман дигар буд. Замони шӯравӣ (СССР) семент дар кишвар асосан дар корхонаи сементбарории Душанбе истеҳсол мешуд.

Акс аз Неъматулло Мирсаидов
Иқтидори лоиҳавии он 1 млн тонна дар як солро ташкил медод, лекин дар амал корхона ҳеҷ гоҳ ин миқдор семент истеҳсол накардааст. Баъдтар корхона ҳудуди 300 ҳазор тонна семент дар як сол истеҳсол мекард, ки ин камтар аз сеяки иқтидораш аст.
Баъди воридшавии сармоягузориҳои бузург вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави Тоҷикистону Чин пайдо шуданд: «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», «Ҷунгтсай Моҳир семент» ва ғайра. Зиёда аз 80%-и истеҳсоли семент дар кишвар ба ҳиссаи маҳз ҳамин корхонаҳо рост меомад.
Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилии худро қонеъ сохт, балки ба содироти он ба кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон оғоз кард. Соли 2015 содирот рамзӣ буд — ҳудуди 500 тонна. Аллакай баъди чанд сол ҳисоб то садҳо ҳазор ва беш аз миллион тонна боло рафт.

Барои иқтисод ин дастоварди муҳим маҳсуб меёфт. Семент ба яке аз камтарин маҳсулоти саноатие табдил ёфт ки, Тоҷикистон на танҳо барои худ истеҳсол мекард, балки ба хориҷа ҳам мефурӯхт. Ин ба кишвар асъор меовард ва ҷойҳои корӣ фароҳам месохт.
Лекин ин комёбӣ ба бозорҳои беруна вобастагӣ дошт. Вақте ки Ӯзбекистон арзиши анҷоми расмиёти гумрукии 1 тонна сементи Тоҷикистонро аз 35 то 300 доллар боло бурд, интиқол ба он ҷо амалан рақобатнопазир шуд.
Дар соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2023 104 ҳазор тонна кам ва ҳаҷми содирот 30,4% коҳиш ёфт. Ин нишон дод, ки соҳа на танҳо ба мушкилоти дохилӣ, балки ба қарорҳои кишварҳои ҳамсоя низ осебпазир аст. Таноқузи дугона ба вуҷуд меояд. Вақте бозорҳои содиротӣ боз ҳастанд, як қисми маҳсулот метавонад ба хориҷи кишвар равона шавад ва дар давраи талаботи баланд шиддатро дар бозори дохилӣ афзоиш диҳад. Вақте бозорҳои содиротӣ баста мешаванд, истеҳсолкунандагон бо хатари коҳиши истеҳсол, аз даст додани даромад ва ҷойҳои корӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Корхонаҳои нав дар чунин модел метавонанд на танҳо пешниҳод, балки вобастагӣ аз вазъи бозорҳои хориҷиро низ зиёд кунанд.
Нархи сементи арзонПаҳлӯи дигари масъала экологӣ аст. Соҳаи истеҳсоли семент дар саросари дунё ба истеҳсолоти бештар ифлоскунанда мансуб аст. Тибқи маълумоти Global Cement and Concrete Association, семент ва бетон тақрибан ба 7% партовҳои глобалии CO₂ ҷавобгӯянд.
Оҷонсии байнулмилалии энергетикӣ зикр мекунад, ки партовҳои умумии CO₂ дар соҳаи истеҳсоли семент имрӯз нисбат ба соли 2025 баландтар буда, аммо технологияҳои истеҳсоли қариб бепартов ҳанӯз гарон боқӣ мондаанд ва талаботи оммавии бозорӣ пайдо накардаанд.
Мушкили семент бо иқлим маҳдуд намешавад. Истеҳсол бо партоби чангу газ ва маводи ифлоскунандда, ки дар оташдонҳо ҳангоми коркарди ашёи хом ва сӯхтани сӯзишворӣ ҳосил мешаванд, марбут аст.

Корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон. Акси марбута аз торнамои live.staticflickr.com
Дар маводи Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ оид ба коҳиши партовҳо дар корхонаҳои истеҳсоли семент мустақиман зикр мешавад, ки партовҳои асосии атмосферии истеҳсоли семент ба оташдонҳо марбутанд: газ ва заррачаҳои сахт, ки бар асари табодули физикӣ ва кимиёвии ашё, инчунин сӯзонидани маводи сӯхт барои гармкунии оташдонҳо ба вуҷуд меоянд.
"
Созмон инчунин зикр мекунад, ки маълумоти нав зарари ҳавои олудашударо ҳатто дар ҳолати консентратсияҳои нисбатан пасти моддаҳои ифлоскунанда бештар аз он нишон медиҳад, ки қаблан ҳисоб мешуд.
Маҳз барои ҳамин масъалаи корхонаҳои нави семент набояд танҳо ҳамчун сиёсат дар соҳаи саноат баррасӣ шавад. Ин ҳамчунин масъалаи тандурустӣ, сифати ҳаво, ҳолати хоку об ва хароҷоти ояндаи давлат ба табобати бемориҳои марбут ба ифлосшавӣ аст.
Осори чинӣ ва ҳушдорҳои кӯҳнаҲанӯз соли 2026 коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей навишта буд, ки дар пасманзари шадид шудани талаботи экологӣ ва камшавии даромад дар дохили кишвар, ширкатҳои сементбарории Чин дар берун аз ҳудуди кишвар бозорҳои нав меҷӯянд. Тибқи арзёбии ӯ, Тоҷикистон ба майдони мусоид табдил ёфт: ин ҷо ашё ва талабот ҳаст ва рақобат нисбатан паст мебошад.
Ӯ огоҳ карда буд, ки фоидаи кӯтоҳмуҳлат барои Тоҷикистн возеҳу аён аст — соҳаи истеҳсоли семент яке аз соҳаҳои зуд рушдёбанда шуд. Лекин пас аз анҷоми авҷи сохтмон кишвар метавонад ба оқибатҳои экологӣ ва дорроиҳои «дармонда"-и саноатӣ дучор шавад, ки ба онҳо лозим меояд хидматрасонӣ карда ё аз байн бурд.

Коргари корхонаи истеҳсоли семент. Акс аз asia+ Бо гузашти даҳ сол ин огаҳиҳо боз бештар рӯзмарра садо медиҳад. Тоҷикистон аллакай дорои даҳҳои иқтидорҳои истеҳсоли семент, вобастагӣ ба якчанд корхонаҳои бузург, хавфҳои содирот ва мушкилоти такроршавандаи бозори дохилӣ дучор аст. Акнун пешниҳод мешавад, ки ба ин боз 4 корхона бо 6 млн тонна дар як сол илова шавад.
"
Якум — талаботи воқеии дохилии кишвар ба семент имрӯз чӣ қадар аст ва баъди 5-10 сол ҷӣ қадар мешавад? Агар иқтидорҳои нав на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои содирот низ пешбинӣ шуда бошанд, аз рӯи инсоф бояд эътироф намуд, ки ин на танҳо лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо сементи арзон, балки васеъ кардани содирот бо хавфҳои эологӣ дар дохили кишвар аст.
Дуюм — чаро бо иқтидорҳои аллакай мавҷуда камбуд ба вуҷуд омад? Ҷудогона таҳлили ҷадвали таъмири корхонаҳо, сарбории онҳо, ҳаҷми содирот дар мавсими авҷи сохтмон, хатсайрҳои интиқол ба минтақаҳо, кори намояндагони ширкат ва миёнаравҳоро таҳлил кардан мебояд. Бидуни ин кор дар корхонаҳои нав мушкили кӯҳна метавонад дар миқёси нисбатан бузургтар такрор шавад.
Сеюм — оё назорати мустақили экологӣ мавҷуд аст? Барои корхонаҳои нав ва амалкунанда бояд маълумоти оммавӣ дар бораи партовҳои чангу ғубор, оксидҳои нитроген, сулфур, металлҳои вазнин, истеъмоли ангишт ва сифати ҳаво дар маҳалҳои аҳолинишини наздик мавҷуд бошад. Ташхиси экологӣ набояд расмият бошад, махсусан дар минтақаҳое, ки аллакай чанд корхонаи семент мавҷуд аст.
Чорум — оё аз ҳисоби сохтмони бештар пурсамар метавон истифодаи сементро кам кард? Дар бисёр кишварҳо коҳиши партовҳои соҳаи сементро на танҳо бо корхонаҳои тозатар, балки ҳамчунин бо истифодаи иловаҳо, коҳиши ҳиссаи клинкер, коркарди партовҳои сохтмонӣ, беҳтар кардани тарҳрезии бино ва роҳҳо, инчунин мубориза бо сохтмони бесифат, ки дар он масолеҳ ғайрисамаранок сарф мешавад, алоқаманд медонанд.

Акс аз asia+
Панҷум — барои зиёни экологӣ, агар он ба вуҷуд ояд, кӣ пардохт мекунад? Имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон метавонанд ба роҳандозии корхонаҳо кумак кунанд, аммо онҳо набояд маънои онро дошта бошанд, ки фоида ба тоҷирон дода шуда, вале хароҷоти ифлосшавӣ, бемориҳо ва таназзули муҳити зист ба дӯши шаҳрвандон вогузор гардад.
На корхонаҳои нав, балки равиши оқилона лозим астКамбуди чанде пеши семент боиси нигаронист, лекин он ба таври худкор собит намесозад, ки ба Тоҷикистон таъҷилан корхонаҳои нав лозиманд. Яқинан он нишон медиҳад, ки агар бозор шаффоф, назорати миёнаравон, логистикаи устувор ва афзалият ба таъминоти дохилӣ дар мавсими авҷи талабот мавҷуд набошад, ҳатто заминаи бузурги истеҳсолӣ низ метавонад бесамар кор кунад.
Сохтмони иқтидорҳои нав танҳо зимни мавҷуд будани як қатор шартҳо метавонад оқилона шуморида шавад: агар талаботи дарозмуҳлат исбот шуда бошад, агар корхонаҳо тибқи меъёрҳои шадиди экологӣ кор кунанд, агар маъулмот дар бораи партовҳо боз бошанд, агар нархи дохилӣ дарвоқеъ дастрас шавад, на танҳо имконоти содирот зиёд шавад.
Вагарна кишвар метавонад да ҳолате қарор гирад, ки семент ҳарчи бештар истеҳсол шуда, шаҳрвандон хоҳ нохоҳ онро гарон мехаранд; корхонаҳо зиёд шуда, лекин ҳаво тоза намешавад; омори содирот беҳтар гардида, лекин оқибатҳои манфии экологӣ дар дохили кишвар боқӣ мемонанд.

Акс аз asia+
Ба Тоҷикистон семент лозим буда, лекин бештар сиёсати саноатӣ лозим аст, ки дар он на танҳо тоннаву ҷойҳои корӣ, балки ҳаво ва солимии одамон, обу хок ва хароҷоти оянда низ ба инобат гирфта мешавад. Зеро сементи арзон метавонад хеле гарон шавад, агар арзиши ҳақиқии онро кишвар танҳо пас аз чандин солҳо бубинад.
Сарчашма: asiaplus.news
Тоҷикистон ният дорад, ки дар 2-3 соли наздик чор корхонаи нави истеҳсоли семент сохта ба истифода диҳад. Иқтидори умумии онҳо тавре ки интизорӣ меравад, ҳудуди 6 млн тонна дар як солро ташкил хоҳад дод. Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфт, ки ин корхонаҳо бо 4,4 млрд сомонӣ ва дар Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сохта мешаванд. Сармоягузорон низ пайдо шудаанд ва онҳо аз Тоҷикистон будаанд.
Мақомот умедворанд, ки корхонаҳои нав ба ду баробар афзоиши истеҳсол имкон дода, талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд ва нархро ба эътидол оварда, ҳудуди 5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меоранд.
Аз нигоҳи аввал, чунин тасмим мантиқист, зеро агар семент нарасад, бештар истеҳсол кардан лозим аст. Илова бар ин, семент яке аз масолеҳи калидӣ барои сохтмони манзилу роҳ, мактабу беморхона, иншооти саноатӣ ва дигар зерсохтор маҳсуб меёбад. Ҳама гуна нуқсон ё ноҷӯрӣ дар ин бозор хеле зуд дар арзиши сохтмон эҳсос шуда, дар ниҳояти кор ба ҳамёни шаҳрвандон таъсир мерасонад.
Лекин ин мантиқ заъиф низ дорад.
Тайи 10-15 соли ахир Тоҷикистон аз кишвари вобаста ба воридоти семент аллакай ба истеҳсолкунандаи бузург ва содиркунанда табдил ёфт. Агар соли 2029 дар кишвар ҳудуди 252 ҳазор тонна семент истеҳсол мешуд, як сол баъдтар аллакай қариб 384 ҳазор тонна ва имрӯз сари якчанд миллион тонна сухан мерасад. Иқтидор умумии соҳа дар ин давра то 5 млн тонна дар як сол расид.

Бо вуҷуди ин, баҳори соли 2026 бозор бо ҳолате рӯбарӯ шуд, ки бо чунин иқтидорҳо набояд чунин мешуд: семент дар бозорҳо камчин шуда, таъмин номунтазам шуд ва дар минтақаҳои ҷудогона нархи 1 халта семент то 80-90 сомонӣ боло рафт.
Камбуд бо иқтидорҳои барзиёдДар Душанбе тайи як ҳафта нархи як халта семент тақрибан 40-50% гарон шуд.
Дар вилояти Хатлон савдогарон аз ноҷуриҳо дар таъмин ва гароншавии нархи 1 халтаи маҳсулот аз истеҳсолкунандагони бузург то 75-80 сомонӣ хабар медоданд. Дар вилояти Суғд арзиши сементи истеҳсоли маҳаллӣ ва ватанӣ қариб баробар шуда, дар Хоруғ ба гуфтаи сокинон, аллакай ҳудуди як моҳ семент камчин аст.
"
Сабабҳои камчинӣ гуногун гуфта мешуданд, аз ҷумла таъмир дар корхонаҳои ҷудогона, талаботи зиёди мавсимӣ, коҳиши интиқол ба минтақаҳо, афзоиши содирот ба Афғонистон, навбат дар назди миёнаравон ва анборҳои яклухтфурӯшӣ, ҳамоҳангсозии начандон кофӣ байни миёнаравон ва шабакаҳои савдо.
Дар маҷлиси ҳукумат инчунин аз сарбории нокофии иқтидорҳои истеҳсолӣ, назорати суст аз болои бозор ва беасос боло бурдани нарх аз ҷониби миёнаравони алоҳида низ сухан рафт.

Яъне буҳрони кунунӣ на танҳо ба теъдоди корхонаҳо вобаста аст. Агар корхонаҳо дар як вақт дар мавсими сохтмон таъмир шаванд, агар логистика бад кор кунад, агар қисмате аз маҳсулот содир шавад, агар нархи чакана аз нархи фурӯши корхона зиёд фарқ кунад, пас иқтидорҳои нав худ ба худ сементи дастрасро барои аҳолӣ кафолат намедиҳанд.
Ҷолиб аст, ки намояндагони корхонаҳо изҳор оштанд, ки онҳо нархи фуруӯшро ба таври назаррас боло набурдаанд. Масалан, Zhongtai Mohir Cement нархи 820-840 сомонӣ барои як тонна, яъне ҳудуди 41-42 сомонӣ барои як халта (50 кг), Huaxin Gayur Cement — 1020 сомонӣ барои минатқаи Бохтар ё 50 сомонӣ барои 1 халтаро зикр карданд, лекин миёни корхона ва харидори ниҳоӣ нарх дар баъзе ҳолатҳо даҳҳо баробар фарқият дошт.
Дар чунин вазъият сохтмони корхонаҳои нав метавонад ҳаҷми умумии истеҳсолро зиёд кунад, лекин ҳатман сабабҳои камбудро рафъ намесозад. Агар мушкил дар таъмири мавсимӣ, логистика, тақсимот, содирот ва занҷираи миёнаравҳо ҷой дошта бошад, пас на танҳо бо истеҳсоли бештари семент, балки идоракунии бозор ҳаллу фасл мебояд кард.
Чӣ гуна Тоҷикистон ба кишвари истеҳсолкунандаи семент табдил ёфтҲанӯз чанде пеш вазъи соҳаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон тамоман дигар буд. Замони шӯравӣ (СССР) семент дар кишвар асосан дар корхонаи сементбарории Душанбе истеҳсол мешуд.

Иқтидори лоиҳавии он 1 млн тонна дар як солро ташкил медод, лекин дар амал корхона ҳеҷ гоҳ ин миқдор семент истеҳсол накардааст. Баъдтар корхона ҳудуди 300 ҳазор тонна семент дар як сол истеҳсол мекард, ки ин камтар аз сеяки иқтидораш аст.
Баъди воридшавии сармоягузориҳои бузург вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави Тоҷикистону Чин пайдо шуданд: «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», «Ҷунгтсай Моҳир семент» ва ғайра. Зиёда аз 80%-и истеҳсоли семент дар кишвар ба ҳиссаи маҳз ҳамин корхонаҳо рост меомад.
Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилии худро қонеъ сохт, балки ба содироти он ба кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон оғоз кард. Соли 2015 содирот рамзӣ буд — ҳудуди 500 тонна. Аллакай баъди чанд сол ҳисоб то садҳо ҳазор ва беш аз миллион тонна боло рафт.

Барои иқтисод ин дастоварди муҳим маҳсуб меёфт. Семент ба яке аз камтарин маҳсулоти саноатие табдил ёфт ки, Тоҷикистон на танҳо барои худ истеҳсол мекард, балки ба хориҷа ҳам мефурӯхт. Ин ба кишвар асъор меовард ва ҷойҳои корӣ фароҳам месохт.
Лекин ин комёбӣ ба бозорҳои беруна вобастагӣ дошт. Вақте ки Ӯзбекистон арзиши анҷоми расмиёти гумрукии 1 тонна сементи Тоҷикистонро аз 35 то 300 доллар боло бурд, интиқол ба он ҷо амалан рақобатнопазир шуд.
Дар соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2023 104 ҳазор тонна кам ва ҳаҷми содирот 30,4% коҳиш ёфт. Ин нишон дод, ки соҳа на танҳо ба мушкилоти дохилӣ, балки ба қарорҳои кишварҳои ҳамсоя низ осебпазир аст. Таноқузи дугона ба вуҷуд меояд. Вақте бозорҳои содиротӣ боз ҳастанд, як қисми маҳсулот метавонад ба хориҷи кишвар равона шавад ва дар давраи талаботи баланд шиддатро дар бозори дохилӣ афзоиш диҳад. Вақте бозорҳои содиротӣ баста мешаванд, истеҳсолкунандагон бо хатари коҳиши истеҳсол, аз даст додани даромад ва ҷойҳои корӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Корхонаҳои нав дар чунин модел метавонанд на танҳо пешниҳод, балки вобастагӣ аз вазъи бозорҳои хориҷиро низ зиёд кунанд.
Нархи сементи арзонПаҳлӯи дигари масъала экологӣ аст. Соҳаи истеҳсоли семент дар саросари дунё ба истеҳсолоти бештар ифлоскунанда мансуб аст. Тибқи маълумоти Global Cement and Concrete Association, семент ва бетон тақрибан ба 7% партовҳои глобалии CO₂ ҷавобгӯянд.
Оҷонсии байнулмилалии энергетикӣ зикр мекунад, ки партовҳои умумии CO₂ дар соҳаи истеҳсоли семент имрӯз нисбат ба соли 2025 баландтар буда, аммо технологияҳои истеҳсоли қариб бепартов ҳанӯз гарон боқӣ мондаанд ва талаботи оммавии бозорӣ пайдо накардаанд.
Мушкили семент бо иқлим маҳдуд намешавад. Истеҳсол бо партоби чангу газ ва маводи ифлоскунандда, ки дар оташдонҳо ҳангоми коркарди ашёи хом ва сӯхтани сӯзишворӣ ҳосил мешаванд, марбут аст.

Дар маводи Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ оид ба коҳиши партовҳо дар корхонаҳои истеҳсоли семент мустақиман зикр мешавад, ки партовҳои асосии атмосферии истеҳсоли семент ба оташдонҳо марбутанд: газ ва заррачаҳои сахт, ки бар асари табодули физикӣ ва кимиёвии ашё, инчунин сӯзонидани маводи сӯхт барои гармкунии оташдонҳо ба вуҷуд меоянд.
"
Барои Тоҷикистон ин бахусус муҳим аст, зеро бисёре аз корхонаҳои нав бо ангишт кор мекунанд. Ҳатто агар корхонаҳои нав аз лиҳози технологӣ тозатар нисбат ба оташдонҳои шӯравӣ бошанд ҳам, масъалаи назорати партовҳо, шаффофияти ҳисобот ва мониторинги мустақил калидӣ боқӣ мемонанд.Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки ифлосшавии ҳаво ба хавфҳои ҷиддӣ барои солимӣ, аз ҷумла, бемориҳои дил, бемориҳои шуш, зиққи нафас ва саратон вобастаанд.
Созмон инчунин зикр мекунад, ки маълумоти нав зарари ҳавои олудашударо ҳатто дар ҳолати консентратсияҳои нисбатан пасти моддаҳои ифлоскунанда бештар аз он нишон медиҳад, ки қаблан ҳисоб мешуд.
Маҳз барои ҳамин масъалаи корхонаҳои нави семент набояд танҳо ҳамчун сиёсат дар соҳаи саноат баррасӣ шавад. Ин ҳамчунин масъалаи тандурустӣ, сифати ҳаво, ҳолати хоку об ва хароҷоти ояндаи давлат ба табобати бемориҳои марбут ба ифлосшавӣ аст.
Осори чинӣ ва ҳушдорҳои кӯҳнаҲанӯз соли 2026 коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей навишта буд, ки дар пасманзари шадид шудани талаботи экологӣ ва камшавии даромад дар дохили кишвар, ширкатҳои сементбарории Чин дар берун аз ҳудуди кишвар бозорҳои нав меҷӯянд. Тибқи арзёбии ӯ, Тоҷикистон ба майдони мусоид табдил ёфт: ин ҷо ашё ва талабот ҳаст ва рақобат нисбатан паст мебошад.
Ӯ огоҳ карда буд, ки фоидаи кӯтоҳмуҳлат барои Тоҷикистн возеҳу аён аст — соҳаи истеҳсоли семент яке аз соҳаҳои зуд рушдёбанда шуд. Лекин пас аз анҷоми авҷи сохтмон кишвар метавонад ба оқибатҳои экологӣ ва дорроиҳои «дармонда"-и саноатӣ дучор шавад, ки ба онҳо лозим меояд хидматрасонӣ карда ё аз байн бурд.

"
Гап сари он нест, ки ба кишвар семент лозим аст ё не. Лозим аст. Бидуни он сохтмони роҳу манзил, мактабу беморхона, нерӯгоҳ ва иншооти саноатӣ ғайриимкон аст. Гап сари дигар чиз аст: дарвоқеъ ба кишвар чӣ қадар иқтидорҳо заруранд, онҳо бояд дар куҷо ҷойгир бошанд ва кӣ барои оқибатҳояш масъул аст.Чӣ кор мебояд кард?Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки пеш аз сохтани корхонаҳои нав, давлтро лозим аст, ки ба якчанд савол посух бигӯяд.
Якум — талаботи воқеии дохилии кишвар ба семент имрӯз чӣ қадар аст ва баъди 5-10 сол ҷӣ қадар мешавад? Агар иқтидорҳои нав на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои содирот низ пешбинӣ шуда бошанд, аз рӯи инсоф бояд эътироф намуд, ки ин на танҳо лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо сементи арзон, балки васеъ кардани содирот бо хавфҳои эологӣ дар дохили кишвар аст.
Дуюм — чаро бо иқтидорҳои аллакай мавҷуда камбуд ба вуҷуд омад? Ҷудогона таҳлили ҷадвали таъмири корхонаҳо, сарбории онҳо, ҳаҷми содирот дар мавсими авҷи сохтмон, хатсайрҳои интиқол ба минтақаҳо, кори намояндагони ширкат ва миёнаравҳоро таҳлил кардан мебояд. Бидуни ин кор дар корхонаҳои нав мушкили кӯҳна метавонад дар миқёси нисбатан бузургтар такрор шавад.
Сеюм — оё назорати мустақили экологӣ мавҷуд аст? Барои корхонаҳои нав ва амалкунанда бояд маълумоти оммавӣ дар бораи партовҳои чангу ғубор, оксидҳои нитроген, сулфур, металлҳои вазнин, истеъмоли ангишт ва сифати ҳаво дар маҳалҳои аҳолинишини наздик мавҷуд бошад. Ташхиси экологӣ набояд расмият бошад, махсусан дар минтақаҳое, ки аллакай чанд корхонаи семент мавҷуд аст.
Чорум — оё аз ҳисоби сохтмони бештар пурсамар метавон истифодаи сементро кам кард? Дар бисёр кишварҳо коҳиши партовҳои соҳаи сементро на танҳо бо корхонаҳои тозатар, балки ҳамчунин бо истифодаи иловаҳо, коҳиши ҳиссаи клинкер, коркарди партовҳои сохтмонӣ, беҳтар кардани тарҳрезии бино ва роҳҳо, инчунин мубориза бо сохтмони бесифат, ки дар он масолеҳ ғайрисамаранок сарф мешавад, алоқаманд медонанд.

Панҷум — барои зиёни экологӣ, агар он ба вуҷуд ояд, кӣ пардохт мекунад? Имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон метавонанд ба роҳандозии корхонаҳо кумак кунанд, аммо онҳо набояд маънои онро дошта бошанд, ки фоида ба тоҷирон дода шуда, вале хароҷоти ифлосшавӣ, бемориҳо ва таназзули муҳити зист ба дӯши шаҳрвандон вогузор гардад.
На корхонаҳои нав, балки равиши оқилона лозим астКамбуди чанде пеши семент боиси нигаронист, лекин он ба таври худкор собит намесозад, ки ба Тоҷикистон таъҷилан корхонаҳои нав лозиманд. Яқинан он нишон медиҳад, ки агар бозор шаффоф, назорати миёнаравон, логистикаи устувор ва афзалият ба таъминоти дохилӣ дар мавсими авҷи талабот мавҷуд набошад, ҳатто заминаи бузурги истеҳсолӣ низ метавонад бесамар кор кунад.
Сохтмони иқтидорҳои нав танҳо зимни мавҷуд будани як қатор шартҳо метавонад оқилона шуморида шавад: агар талаботи дарозмуҳлат исбот шуда бошад, агар корхонаҳо тибқи меъёрҳои шадиди экологӣ кор кунанд, агар маъулмот дар бораи партовҳо боз бошанд, агар нархи дохилӣ дарвоқеъ дастрас шавад, на танҳо имконоти содирот зиёд шавад.
Вагарна кишвар метавонад да ҳолате қарор гирад, ки семент ҳарчи бештар истеҳсол шуда, шаҳрвандон хоҳ нохоҳ онро гарон мехаранд; корхонаҳо зиёд шуда, лекин ҳаво тоза намешавад; омори содирот беҳтар гардида, лекин оқибатҳои манфии экологӣ дар дохили кишвар боқӣ мемонанд.

Ба Тоҷикистон семент лозим буда, лекин бештар сиёсати саноатӣ лозим аст, ки дар он на танҳо тоннаву ҷойҳои корӣ, балки ҳаво ва солимии одамон, обу хок ва хароҷоти оянда низ ба инобат гирфта мешавад. Зеро сементи арзон метавонад хеле гарон шавад, агар арзиши ҳақиқии онро кишвар танҳо пас аз чандин солҳо бубинад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)