< Ҳалокати як мард, ки сангу шағал бор мекард. Хисороти боришот ва селфароӣ дар ноҳияи Панҷ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати як мард, ки сангу шағал бор мекард. Хисороти боришот ва селфароӣ дар ноҳияи Панҷ

Ҳалокати як мард, ки сангу шағал бор мекард. Хисороти боришот ва селфароӣ дар ноҳияи Панҷ
Дар пайи боришоти шадид ва омадани сел дар ноҳияи Панҷ як марди 52-сола, ки ба кандани сангу шағал машғул буд, ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, сел ба манзилу киштзори сокинон ва иншооти ёрирасон хисорот ворид кардааст.

Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) имрӯз, 8-уми июн ба «Азия-Плюс» хабар дода гуфт, ки ҳодисаи зери сел мондани марди 52-сола соати 15:40–и рӯзи 5-уми июн рух додааст.

Манбаъ аз фарди ҷонбохта Файзимаҳмад Раҳимов, сокини ноҳияи Ҷаллолидини Балхӣ ном бурда гуфт, ин мард дар дохили яке аз наҳрҳо ба кандану бор кардани сангу шағал машғул буд.
                                                                    
Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар навор дида мешавад, ки дастикам 4 мошини боркаш ва як «экскватор» дар сел дармондаанд. Маълум нест, ки дар дохили мошинҳо чанд кас буд, вале ба гуфтаи корбарон, ронандагон талош доранд, ки мошинро аз об берун кунанд.                                                              

Ҳамчунин, аз КҲФ гуфтанд, сели рӯзи 5-уми июн ба хонаву киштзори сокинон ва иншоотҳои ёрирасон дар деҳаҳои Ваҳдатобод ва Зарбдори ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ зарар расонидааст. Ҳамчунин, 70 гектар замини кишти пахтаи хоҷагии тухмпарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмон зери обу лойқа мондааст.

Бояд гуфт, ки як моҳи охир дар Тоҷикистон шумори офатҳои табиӣ зиёд шуда, бар асари он талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар пайи боришоти борону омадани сел танҳо дар моҳи майи соли равон дастикам 6 кас ҷон бохта, чанд каси дигар маҷруҳ ва дар беморхона бистарӣ шуданд.

Яке аз ҳодисаҳои охир, ин ҳалокати ду наврас дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буд, ки онҳо дар саҳро дар пайи боришот ва омадани сел ҳалок шуданд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий