< Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст
Дар чаҳор моҳ (январ-апрел)-и соли 2026 ба Тоҷикистон ба маблағи 9,6 млн доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст, ки вазни умумии ёриҳо 787,4 тоннаро ташкил додааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон бо истинод ба Хадамоти гумрук хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз сӯи 25 кишвари хориҷӣ интиқол ёфтааст.



Аз ҷумла, тақрибан 1,64 млн доллар ИМА, наздики 1,6 млн долларӣ Чин ва Корея ба Тоҷикистон кумак кардаанд. Ҳамчунин, Ҳоланд қариб 1 млн доллар, Ҳиндустон тақрибан 958 ҳазор доллар ва Русия ҳудуди 938 ҳазор доллар кумак кардаанд.
                                                                   
 Дар маҷмуъ, дар чаҳор мо беш аз 80% ёриҳоро ба Тоҷикистон, Амрико, Чин, Корея, Ҳоланд, Ҳиндустон ва Русия карданд.                                                              
 Барои муқоиса, давоми моҳҳои январ-апрели соли 2026, ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон 3,08 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳаҷми кумаки башардӯстона тақрибан 0,31%-и воридоти кишвар дар ин давра баробар аст.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий