< Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона ҳаво бебориш шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боридани  борони  кутоҳмуддат  дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳои вилоят  борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм,  рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимоли раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо бошад, шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона  бебориш буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона 9+14 дараҷа гарм ва  рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона бебориш шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал  меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 8-13 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм ва  рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий