< Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд

Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
​Дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ риояи қоидаҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ин давра ба ниҳолҳои пахта бояд нуриҳои минералӣ ва обмонӣ гузаронида шавад. Зеро риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ боиси ҳосили фаровон мегардад.

Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.

Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони ҷумҳурӣ талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий