< Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш

Ҷаримаи сокини Исфара барои ба мактаб нос бурдани фарзандаш
​Додгоҳ дар як баёния расмӣ гуфтааст, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз ӯ Н.Т ном бурдаанд, «барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар тарбияи фарзанди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд».

Бар тибқи иттилои додгоҳ, фарзанди ин хонавода ва хонандаи синфи 9-ум моҳи декабри соли 2025 ба мактаби рақами 55 ноҳияи Исфара нос бурдааст, ки мухолифи қонун аст.

Бар асоси Қонун дар бораи тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон, падару модар набояд бигузоранд, ки фарзанди ноболиғашон ба тамоку, ё маводи мухаддир дастрасӣ дошта бошанд.

Аз волидайни ин наврас барои зоҳиран носкашии фарзандашон 1125 сомонӣ (121 $) ҷарима ситонидаанд. Додгоҳ замони эълони ҳукмро нагуфтааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан ҳукмҳои ниҳоӣ ва иҷрошударо дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд.


Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий