< Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони куштори размикори наврас дар Кӯлоб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони куштори размикори наврас дар Кӯлоб

Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони куштори размикори наврас дар Кӯлоб
​Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи 5 гумонбар дар куштори Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикори тоҷик, ки тақрибан 6 моҳ пеш дар пайи як муноқиша кушта шуд, оғоз кардааст.

Дар ин бора аз ин ниҳод имрӯз ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода гуфтанд, ки мурофиаи якуми онҳо дирӯз, 25-уми май сурат гирифтааст.
Дар пайванд ба куштори размикор нисбати 6 ширкаткунандаи ин занозанӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Манбаъ гуфт, ҳоло тафтиши пешакии парвандаи як нафари дигар ба анҷом нарасидааст.
                                    "                                         
 «Дар мурофиаи якум 9 ҷабрдида ва шоҳид пурсида шуданд. Дар ин қазия 13 шоҳид ва 5 ҷабрдида сабт шудааст. Дар мурофиаҳои оянда дигар шоҳидону ҷабрдидаҳо пурсида мешаванд, додситон баромад мекунад ва ҳукм содир мешавад», — гуфт намояндаи додгоҳ.                                         Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ва Сулаймон Одинаев. Коллаж asia+

Манбаъи мо зикр кард, ки парвандаро Баҳодур Муҳиддинзода, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб баррасӣ мекунад. Мурофиаи навбатӣ рӯзи 29-уми май баргузор мешавад.

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаби 11-уми январи имсол дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта ва ду каси дигар захмӣ шуданд. Дар пайи ин, Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбарӣ асосӣ боздошт ва нисбати 5 ҷавони дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.
                                                                    

Қаблан аз Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки алайҳи Сулаймон Одинаев, бо иттиҳоми  қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ (моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шудааст.  Бар асоси ин банди қонунгузорӣ ба гумонбар аз 8 то 12 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.                                                              

Нисбати Маҳмуд Набиев (ӯ низ дар боздошт буд), Саидраҳмон Раҳмон, Амирҷон Одинаев, Муҳаммадҷони Зайниддин ва Сунатулло Умарзода, ки он вақт гуфта мешуд захмӣ шуда дар беморхона қарор доранд, бо гумони авбошӣ (моддаи 237, қисми 2 ва 3 –и КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, куштори размикори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди ҷомеаро ба бор овард, ки бештари корбарон сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавононро ба беназоратии онҳо аз сӯйи волидайнашон рабт доданд.
Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби мо дар ин пайванд мутолиа кунед.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий