< Мулоқоти Президенти мамлакат бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мулоқоти Президенти мамлакат бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Мулоқоти Президенти мамлакат бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
​Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об Ретно Марсудӣ ва ректори Донишгоҳи СММ, муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифтанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар суҳбат ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои «сабз» баҳои баланд дода шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст. 
«Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи „Раванди оби Душанбе“ ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард», — омадааст дар иттилоия.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий