< Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст.
Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз шуда буд ва ҳоло, ба иттилои манбаъ, қабл аз муҳлат нақшаи он иҷро шудааст. 

Ин ниҳод гуфт, аввал ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва дар рӯзҳои баъди шаҳру навоҳии тобқеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд нақшаро 10% иҷро карданд.
                                                                
 Мавсими баҳории ҷалби сокинон ба артиш то 31-уми май идома меёбад, вале Вазорат нагуфтааст, ки дар чанд рӯзи боқимонда даъвати ҷавонон ба артиш сурат мегирад, ё не. Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим бояд ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешуданд.
                                                             
Мақомот пурра иҷро шудани нақшаро пеш аз муҳлат «афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ» арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола дар давраи корзор (маърака)-и давъати ҳарбӣ мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гуфта мешавад.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий