< Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд

Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
​​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, дар ҷараёни вохӯриҳо бо шаҳрвандоне, ки аз Федератсияи Русия баргаштаанд, масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи холии кор дар ширкатҳои ватанӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Русия доранд, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар вазъи худ, аз ҷумла мавҷудияти маҳдудият ё манъи вурудро тавассути сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират санҷида, баъдан чиптаи сафар харанд. Зеро дар ҳолати мавҷуд будани маҳдудият гузаштан аз сарҳади давлатӣ имконнопазир мегардад.

Таъкид шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти қонунӣ дар кишвари қабулкунанда бояд патент, суғуртаи тиббӣ, санҷиши тиббӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигарро дар муҳлатҳои муқарраргардида дарёфт намоянд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо инчунин оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, тартиби бақайдгирӣ, гирифтани патент, супоридани имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузорӣ, инчунин талаботи нави будубош маълумоти муфассал дода шуд.
Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон телефони боварии фаврӣ (900-80-08-00) фаъол буда, онҳо метавонанд барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ муроҷиат намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон якчанд ширкати Федератсияи Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таври муташаккилона бо ҷойи кор, шароити зист ва ҳуҷҷатгузории расмӣ таъмин намоянд.


Сарчашма: khovar.tj​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий