< Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид

Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
​Дар мусобиқа паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа паҳлавонони Тоҷикистон ва Узбекистон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати баланд нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои иштирокчиён туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуда буд. Як мошинро паҳлавони ҷавони шаҳри Турсунзода Сарвар Абдушукуров пас аз ғолиб омадан бар ҳарифаш Абубакр аз шаҳри Душанбе соҳиб гардид.

Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқаро Турпал Тепкаев аз Федератсияи Русия соҳиб гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий